Ин мулоқот ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо ширкати беш аз 2 ҳазор ҷавон аз ҳама манотиқи кишвар сурат мегирад.
Ҳар сол 23-юми май дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин ҷашн «Ҳафтаи ҷавонон» баргузор мешавад, ки маҳфилҳо ва нишастҳои мухталиферо дар бар мегирад. Ҳамчунин ба ин ифтихори ин ҷашн - Рӯзи дави миллӣ низ доир мешавад, ки ҳазорҳо тафар аз ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун ширкат мекунанд.
Барои бори аввал дар арафаи баргузории ин мулоқот телефони боварӣ фаъол карда шуд, ки тариқи он ҷавонон метавонанд, суолу дархост ва пешниҳодоти худро ба президент ироа намоянд. Аммо ҷавонон аз ин мулоқот чӣ интизориҳо доранд ва оё ин гуна вохӯриҳо метавонад, ҳаёти онҳоро тағйир бидиҳад ва то куҷо он суолу дархост ва пешниҳодҳое, ки мешавад минбаъд ҳаллу фасли худро меёбанд ва дар амал татбиқ карда мешавад? Чанд тан аз ҷавонони фаъоли кишвар дар ин маврид андешаи худро ба «Озодӣ» иброз доштанд.
Илҳомҷон Ҳамидов, олими ҷавони тоҷик, ки дар мулоқоти президент даъват шудааст, гуфт, «мо аз ин мулоқот интизор дорем, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар беҳбудиҳое хоҳад шуд. Чун охирин мулоқоте, ки рӯзи 21-уми майи соли 2008 президент бо ҷавонон доштанд, баъд аз ин дар ҳаёти ҷавонони кишвар падидаҳои хуб ба мушоҳида расиданд. Аз ҷумла қабул шудани чандин қарору дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки фаъолияти сиёсати давлатии ҷавононро дар кишвар ба танзим медарорад. Ман низ се пешниҳод дорам, инҳо таъсиси ҷоизаи вижаи президент барои олимони ҷавон, пешниҳоди дигар дар мавриди беҳбуд бахшидани фазои имтиёзҳо, ки барои оилаҳои ҷавон қарзҳои имтиёзнок пешниҳод карда шавад ва пешниҳоди дигар дар мавриди таъсиси як марказ ё худ як ниҳод бо номи пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ».
Аҳмадхӯҷа Давлатов, донишҷӯе, ки дар ин мулоқот иштирок намекунад, мегӯяд, «мавзӯоте, ки раисиҷумҳур чандин маротиба зимни вохӯрӣ бо ҷавонон бардоштанд, онҳо бештар дар бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, баланд кардани идрорпулии донишҷӯён, бештар кардани квота барои донишҷӯдухтарони ноҳияҳо, равон кардани ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа буданд ва фикр мекунам, ин масъалаҳои барои ҷавонон муҳиманд. Ман боз ҳам умед дорам, ки ҷаноби олӣ дар ин вохӯрӣ масъалаи боз ҳам баландтар намудани стипендияи донишҷӯёнро дида мебарояд ва дуюм ин ки имсол, ки соли сиёсат аст, майдони сиёсатро барои ҷавонон васеътар мекунад».
Аслиддин Хушвақтов, донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви фаъоли парлумони ҷавонон, «интизор дорам, ки шароити ҷавонон каме ҳам бошад, хубтару беҳтар мегардад, аммо дар раванди интихобот ман чизе гуфта наметавонам, чунки мо дар як марҳилаи ҳассос қарор дорем. Аз парлумони ҷавонон чунин пешниҳод мешавад, ки баъзе қонунҳое, ки вобаста ба ҷавонон дар парлумони касбӣ қабул мегардад, аз парлумони ҷавонон низ фаъолон иштирок кунанд. Пешниҳоди дигари мо ин аст, ки мехоҳем дар мактабҳои миёна низ дарсҳои сиёсӣ ба роҳ монда шавад, то ин ки тавонем сатҳи маърифати сиёсии мардуми кишварро боло бубарем. Инро бояд аз мактаби миёна оғоз намуд. Зеро мардуми мо имрӯз ҷаҳонбинии сиёсиашон хеле танг аст ва аксарияташон ҳатто намедонанд, ки истиқлолияти кишвар кай ба даст оварда шуд. Умед дорам, ки ин пешниҳодоти мо аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ меёбанд».
Ба эътиқоди Баҳруллои Ҳасан, рӯзноманигори ҷавон, «то ҷое, ки мо медонем ба ҳар коре, ки раисиҷумҳур иқдом мекунад, ҳатман дар он пешравӣ ба назар мерасад. Чихеле ки соли 2011 президент бо варзишгарон мулоқот дошт ва ин сабаб шуд, ки дар ҳамин соҳа як қатор пешравиҳо ва иқдомҳо карда шавад. Аз ҷумла дар шаҳру навоҳиҳо маҷмааҳои варзишӣ сохта шуданд, дар назди биноҳои баландошёна варзишгоҳҳои хурд барои наврасон, махсусан дар шаҳри Душанбе бунёд ёфтанд. Чихеле ки мо шоҳид будем, дар давраи шӯравӣ чунин майдончаҳои варзишӣ буданд, вале аз тарафи баъзе нафарон азхуд карда шуда буданд ва ин вохӯрии президент боис шуд, ки чунин майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон аз нав барқарор карда шавад. Дар вохӯрии гузаштаи раисиҷумҳур бо ҷавонон фонди президентии «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки аз ҳисоби он ҷавонони болаёқат метавонанд, дар кишварҳои хориҷа таҳсил кунанд. Яъне ин ҳам пешниҳоди ҷавонон зимни мулоқот бо президент буд, ки аз ҳисоби президент чунин як фонд ташкил карда шавад. Агар ман ҳамчун як ҷавон дар ин мулоқот даъват мешудам, ман пешниҳод мекардам, ки бигзор сиёсати кадрии кишвар тағйир дода шавад. Бигзор 70 дарсади тамоми ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо аз ҷавонон иборат бошад. Ба онҳо вазифаҳои калидии ҳукуматро бовар кунанд. Чунки ман фикр мекунам, ҷавононе, ки дар даврони истиқлол ба воя расидаанд, аз ҷавонони шӯравӣ аз замин то осмон фарқ мекунанд. Ҷавонони имрӯза қобилияти баёни озоди андешаро доранд, ҷавонони даврони шӯравӣ пойбанди идеология буданд, ин ҷавонҳо дар масоили сиёсиву диниву дунявӣ озод баҳс менамоянд. Ман чунин ҷавононро медонам, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои тараққикарда таҳсил кардаанд, дониши васеи назариявию амалӣ доранд ва ҳам маърифати динӣ доранд. Яъне онҳо соҳибистеъдоданд ва фикр мекунам, ки шумораи чунин ҷавонон дар кишвар кам нест. Ва агар вазифаҳои роҳбариро ба чунин ҷавонон бовар мекарданд, итминон дорам, ки ҷомеаи мо хеле пеш мерафт».