Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тарҳи алифбо барои забонҳои помирӣ


Алифбои забони шуғнӣ, ки соли 1931 тартиб дода шудааст.
Алифбои забони шуғнӣ, ки соли 1931 тартиб дода шудааст.

Ахиран як гурӯҳи ташаббускор ва донишмандони эроншиноси Русия дар Маскав тарҳи алифбои ягонаи ҳамаи забонҳои помириро баррасӣ кардаанд.

Дар Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Хоруғ низ коршиносон ин масъаларо баррасӣ ва тарҳҳоеро омода кардаанд. Ба гуфтаи гурӯҳи ташаббускор, онҳо ду нусхаи чунин алифборо пешбинӣ кардаанд. Яке бар асоси хатти лотинӣ ва дигарӣ бар асоси хатти кирилӣ, ки имрӯз хатти роиҷи забони тоҷикии Тоҷикистон аст.

Ширкаткунандагони ҳамоиши Маскав мегӯянд, солҳои ахир забонҳои помирӣ дар Интернет ба таври густарда истифода мешавад ва ҳатто китобҳо низ ба ин забонҳо ба нашр расидаанд. Сафҳаҳои интернетӣ ба ин забон ва чопи нашрия ба теъдоди 1000 нусха дар Маскав низ ба нақша гирифта шудааст. Вале то ҳол ҳар корбари шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба хости худ менависад ва вижагиҳои овозии забонро дар назар намегирад.

Суоле пеш меояд, ки оё чунин алифбо метавонад дар оянда ба ҷуз аз ислоҳи тарзи навишти калимаҳо пойгоҳе барои пешбурди дарсҳо ба забонҳои помирӣ низ шавад?

Боғшоҳи Лакарбек - корманди аршади илмии шӯъбаи забонҳои эронии Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони Улуми Русия ва яке аз ташаббускорони тарҳи алифбои забонҳои Бадахшон чунин назар дорад: “Мо ин ҳадафро дар пеши худ нагузоштаем, чун ин кори ҳукумат аст. Мо фақат чун забоншинос дидем, ки забон нодуруст навишта мешавад ва ин иштибоҳҳо хеле зиёд шудааст. Барои ҳамин ба қароре омадем, ки корбарон як алифбои умумӣ дошта бошанд, то ҳадди ақал тарзи навишти калимаҳо дуруст ва яксон бошад.”


Б.Лашкарбек
Б.Лашкарбек
Гурӯҳҳои ташаббускор ҳам дар Хоруғ ва ҳам дар Маскав ин омилро дар назар гирифтаанд, ки помиризабонон на танҳо дар Бадахшони Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз он низ сукунат доранд ва алифбое бояд муаррифӣ шавад, ки дигарон ҳам ба он дастрасӣ дошта бошанд. Боғшоҳи Лашкарбек мегӯяд: “Агар мо танҳо алифбои тоҷикиро бигирем, дар он сурат помириҳое, ки дар Афғонистон, дар Чин ва дар Покистон зиндагӣ мекунанд, аз матнҳои мо истифода бурда наметавонанд. Бино бар ин, ҳоло ҳам дар асоси хатти кирилии забони тоҷикӣ ва ҳам дар асоси хатти лотинӣ лоиҳа пешниҳод шудааст.”

Интизор меравад, ки алифбои ягона барои забонҳои помирӣ дар давоми як ҳафтаи оянда аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ба хусус дар Facebook муаррифӣ шавад, то гӯяндагони забонҳои помирӣ андешаҳо ва пешниҳодҳои худро аз ин роҳ ба гурӯҳи ташаббускор бифиристанд. Гурӯҳи дигари ташаббускор ҳамзамон дар Хоруғ низ корҳое дар ин замина анҷом медиҳад.

Шодихон Юсуфбеков – доктори илм ва раиси Пажӯҳишгоҳи улуми иҷтимоии Хоруғ мегӯяд: “Мо мехоҳем, ки ду навъи алифборо пешкаш бикунем ва касоне, ки аз ин алифбоҳо истифода мекунанд, фикру мулоҳизоти худро бигӯянд, ки кадоме аз алифбоҳо саҳлтар аст ва аз он бештар истифода мекунанд.”

Аммо дар сурати ҷорӣ шудани алифбои ягона барои помириёни Тоҷикистону Чин ва Афғонистону Покистон помириёни Бадахшон кам-кам аз забони тоҷикӣ фосила намегиранд ва дурӣ ба вуҷуд намеояд?

Владимир Иванов - мудири шӯъбаи эроншиносии Пажӯҳишгоҳи Осиё ва Африқои Донишгоҳи Давлатии Маскав бо назардошти таҷрибаи баъзе миллиятҳои хурд дар кишварҳои дигар имкони чунин дуриро рад мекунад: “На, ҳеҷ вақт ин тавр набудааст. Масалан, мо таҷрибаи кишварҳои дигарро метавонем дар назар бигирем. Агар ақалияти хосе алифбои хосе дошта бошад, ҳеҷ зараре дар равобити дӯстона бо миллати аслӣ, яъне бо тоҷикон ба вуҷуд нахоҳад омад.”

Оқои Иванов бар ин ақида аст, ки дар гузашта миёни помириён ҷудосозии маснуъӣ ба вуҷуд омадааст ва ҳоло эҷоди алифбои ягона барои ҳифзи забонҳои помирӣ кумак мекунад, забони онҳо аз ҳисоби вожаҳои помирӣ дар Чину Афғонистон ва Покистон ғанӣ мешавад, вале ҳеҷ гоҳ мардуми Бадахшонро аз тоҷикон дур нахоҳад сохт.


Д.Худоназар
Д.Худоназар
Давлати Худоназар, яке аз шахсиятҳои фарҳангии тоҷики муқими Маскав аз ин ташаббуси забоншиносон бехабар аст, вале мегӯяд, муаррифии алифбои помирӣ бадахшониёнро аз тоҷикон дур нахоҳад кард, ҳатто аз лиҳози мазҳабӣ помиризабонон бо забони тоҷикӣ пайванди ногусастанӣ доранд: “Агар мардуми он диёр, мардуми Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ аз забони тоҷикӣ дур монанд, онҳо аз дину мазҳабашон канда мешаванд, чунки дар равияи исмоилӣ ҳамааш ба забони тоҷикист. Мумкин аст ягон дуо ба забони арабӣ бошад, вале дигар ҳамааш ба забони тоҷикист.”

Ҳоло дар саросари ҷаҳон аз тақрибан 6000 забони мавҷуда 85 дарсадашро забонҳои хурд ё кӯчак ташкил медиҳанд. Ба ин забонҳо аз 6 то 8 миллион нафар гуфтугӯ мекунанд. Ҳатто соҳибони баъзе аз ин забонҳоро мешавад бо ангуштон шумурд ва чунин забонҳо дар ҳоли завол қарор доранд.

Бо назардошти хатарҳое, ки дар гузаштаҳо бар сари забонҳои суғдиву бохтарӣ, яъне хонаводаи забонҳои эронӣ омадааст, Давлати Худоназар пешниҳод мекунад, ки дар ҳифз ва рушди забонҳои помирӣ ва яғнобӣ на танҳо соҳибони ин забонҳо, балки забоншиносони дигари тоҷик низ бояд кумак кунанд.
XS
SM
MD
LG