Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишмандони тоҷики муқими Амрико бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд


Симпозиуми нахустини донишмандони тоҷики муқими Амрико
Симпозиуми нахустини донишмандони тоҷики муқими Амрико

Сафири Тоҷикистон дар Амрико мегӯяд, донишмандони тоҷике, ки аз Тоҷикистон ба Амрико омадаанд, барои пешбурди корҳои илмӣ замина ва имконоти хуб доранд ва онҳо ин имконотро бояд барои тарбияи донишмандони ҷавон дар Тоҷикистон низ истифода кунанд.

Нуриддин Шамсов тавсеаи ҳамкориҳои илмиву фарҳангии миёни Тоҷикистону Амрикоро яке аз самтҳои аслии муносиботи миёни ин ду кишвар арзёбӣ кард.

Сафири Тоҷикистон ин суханонро дар ҳоле изҳор дошт, ки ахиран дар Вашингтон бо ташаббуси гурӯҳе аз донишмандони тоҷики муқими Амрико ҳамоиши илмӣ ё симпозиуми донишмандони тоҷики амрикоӣ баргузор шуд. Алишер Анваров-яке аз аъзои гурӯҳи ташаббускор гуфт, ки чунин ҳамоиши донишмандони тоҷик дар Амрико бори аввал баргузор шудааст ва дар он донишмандони тоҷик аз Вашингтону Нию
Нуриддин Шамсов
Нуриддин Шамсов
Йорк ва Вирҷиния ширкат дошаанд. Ҳамоишро Созмони фарҳангии тоҷикони амрикоӣ баргузор кард. Худи ин созмон соли гузашта ташкил шуда буд. Анваров мегӯяд:

“Баргузории чунин ҳамоиши донишмандонро мо аз рӯзҳои аввали ташкили созмони худ ба нақша гирифта будем. Мо медидем, ки донишмандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ё кишварҳои Шӯравии пешин ҳар сол сиппозиумҳои худро барпо мекарданд, барои ҳамин ҳоло ба мо ҳам муяссар шуд, ки аввалин симпозиумро баргузор кунем”.

Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо Амрико дорои бузургтарин марказҳои илмӣ дар ҳамаи бахшҳои ҳаёт мебошад ва донишмандони ин кишвар ба тамоми сарчашмаҳо ва навовариҳои илмӣ дар ҷаҳон дастрасӣ доранд. Гузашта аз ин, дар Амрико таваҷҷуҳ ва муносибат бо донишмандон фарқ мекунад, зеро ҳамаи пешрафтҳои ин кишвари бузурги ҷаҳон ба кашфиёти илмии онон иртибот мегирад.

Ба гуфтаи Алишер Анваров, дар чунин шароиту муҳит анҷоми таҳқиқоти илмӣ барои донишмандони тоҷик низ судманд аст. Дар марказҳои илмӣ ва ё донишгоҳҳо ҳамаи шароитро бидуни дарназардошти миллияту кишвар дар ихтиёри донишманд мегузоранд. Гузашта аз ин, донишмандон дар Амрико дастмузди хуб ҳам мегиранд.

Насрулло Хоҷаёров дар бахши барномасозӣ аз коршиносони шинохтаи тоҷик ба шумор меравад. Вай муддате устоди донишгоҳи Индиана буд ва ҳоло дар шаҳри Бостон кору зиндагӣ мекунад. Онҳо бо гурӯҳе аз донишмандон дар Амрико вероишгарҳои гуногуни компютерии забони тоҷикро таҳия кардаанд. Вале Хоҷаёров ин корро ҳанӯз хеле кам мешуморад ва мегӯяд барои мукаммал кардани забони компютерии тоҷикӣ Тоҷикистон бояд коршиносонро ба Амрико бифиристад ва онҳо дар ин самт корҳоро ба субут расонанд.

Оқои Хоҷаёров мегӯяд, донишмандони тоҷике, ки дар Амрико фаъолият доранд, бояд бо Тоҷикистон иртиботи худро қатъ накунанд ва бо истифода аз имконоти худ бояд
дар пешрафти илм дар дохили Тоҷикистонт низ саҳм бигиранд. Вай мисол меорад, ки аз ҳисоби кори худ дар Амрико боре тобистон дар донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Душанбе як моҳ ба устодони донишгоҳ аз барномасозӣ дарс додааст. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон ширкате бо номи “Нимо” ташкил кардааст ва ин ширкат дар ин замина ба ҷавонон кор меомӯзад.

Хоҷаёров дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд чанд ҷавонеро интихоб ва тавассути шабакаи интернетии Skype ҳудуди ним сол аз Амрико онҳоро таълим додааст. Баҳори соли оянда низ се нафар аз Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ дар бахши барномасозӣ ба Бостон мераванд.

Умед Болтаев-донишманди дигари муқими Амрико аз донишгоҳи Колумбия, ки дар ҳамоиши донишмандони тоҷик дар Вашингтон ширкат дошт мегӯяд, ки дар ин ҳамоиш донишмандон масъалаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро низ баррасӣ карданд. Вале масъалаи асосӣ дар марҳилаи кунунӣ таҳкими равобити миёни донишмандони тоҷик дар худи Амрикост.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони ҳамоиши илмӣ, ҳоло Созмони фарҳангии тоҷикони амрикоӣ ташкилоти нав аст ва қадамҳои нахустини худро мебардорад. Ин созмон як сол пеш моҳи маи соли 2012 ташкил шуд ва раҳбарии онро Владимир Федоренко бар уҳда дорад.

Умед Болтаев мегӯяд, ин созмон ба нақша гирифтааст, ки дар оянда бунёди ёрмандӣ ба донишҷӯёнро таъсис диҳад. Ин бунёд ба донишҷӯёне кӯмак мекунад, ки барои таҳсил ба Амрико меоянд.
XS
SM
MD
LG