Рӯзи шанбе Ҳомид Карзай зери қонун дар бораи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва интихоботи мақомоти маҳаллии Афғонистон дар соли 2014 имзо гузошт. Қаблан раисиҷумҳури Афғонистон қонун дар бораи фаъолият ва ҳайати комиссиюн оид ба қонуншиканиҳо дар интихоботро ҳам пазируфт. Қарор аст, интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии Афғонистон 5 апрели соли оянда баргузор шавад.
Ба дунболи ин хабар Эътилофи миллии Афғонистон, ки ба он доктор Абдулло Абдулло сарварӣ мекунад, аз мушаххас шудани номзадаш дар интихоботи соли оянда хабар дод ва аммо аз ифшои ному насаби ӯ худдорӣ варзид. Саидоғо Фозил Санчоракӣ, сухангӯи ин эътилоф дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ фақат гуфт, ки номзад аз ҳисоби аъзои Эътилофи миллӣ интихоб шудааст ва ному насаби ӯро дар поёни моҳи Рамазон расман эълон хоҳанд кард. Ӯ афзуд, айни ҳол Эътилоф бо соири аҳзоби сиёсии кишвар вориди музокирот аст ва дар поёни моҳи Рамазон ҳамчунин мушаххас хоҳад шуд, ки чӣ теъдод аз ҳизбҳои хориҷ аз Эътилоф ба он ҳамроҳ мешаванд.
Шукрия Борикзай, узви парлумони Афғонистон, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳоло замоне расидааст, ки садорати кишвар бар дӯши афроди технократ вогузошта шавад. Ӯ афзуд, “агар технократҳои Афғонистон, ки дар фасод ва дар қатлу одамкӯшӣ шарик набуданд, қумандонҳои маҳаллӣ ва зиндонҳои шахсӣ надоранд ва ба Афғонистон ба унвони як кишвар ва як миллат бовар доранд, гирди ҳам биёянду эътилофи бузургеро ташкил диҳанд, бурд аз онҳо хоҳанд шуд”. Технократҳо, ба гуфтаи хонум Борикзай, аз пуштибонии насли ҷавон бархурдор хоҳанд буд, “насле, ки имрӯз ба пойи сандуқҳои раъй меравад, насли ҷадиди Афғонистон, ки аксари онҳо таълимдидаанд, бо арзишҳои солҳои ахири Афғонистон бузург шуданд ва ба озодиҳои мадании имрӯзи мардуми Афғонистон арҷ мегузоранд”.
Хонум Борикзай афзуд, ки дар интихоботи навбатӣ чеҳраҳои маъруфи сиёсии Афғонистон талоши дар садри кишвар нишастанро хоҳанд кард. Аз нигоҳи ӯ,
“оғои Сайёф, маршал Фаҳим, оғои Муҳаққиқ бо ҳимояи доктор Абдулло ва Юнуси Қонунӣ узви гурӯҳи сиёсӣ ҳастанд ва номзади худро пешбарӣ хоҳанд кард”. Дар бораи номзадии яке аз бародарони Ҳомид Карзай ҳанӯз эълоне пахш нашудааст, қаблан Маҳмуд Карзай дар бораи имкони ширкати бародараш Қаюм Карзай дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ишораҳое карда буд. Аммо, ба гуфтаи хонум Борикзай, ба эҳтимоли зиёд номзадии ӯ мавриди тайиди Ҳомид Карзай қарор нахоҳад гирифт.Худи Ҳомид Карзай, бар пояи Қонуни асосии Афғонистон, ҳаққи бори сеюм доавталаби мақоми раисиҷумҳур шуданро надорад.
Сиёсатмадори афғон ба он нукта таъкид мекунад, ки “бори аввал дар таърихи Афғонистон аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ мехоҳанд як ҳаракати пӯхта дошта бошанд, яъне, мехоҳанд аз пешбарии номзадҳои номуваффақ худдорӣ кунанд ва нафареро пешбарӣ кунанд, ки тавонад дар даври аввал беш аз 50 дар сади раъйҳоро соҳиб шавад”. Ӯ мутмаин аст, ки чун дар ду интихоботи қаблӣ номзадии 18 ё 24 нафар барои мақоми раисиҷумҳур пешбарӣ нахоҳад шуд.
Аз Шукрия Борикзай суол кардем, ки оё хонумҳои сиёсатмадори афғон, бигирем, худи ӯ ё Фавзия Куфӣ барои дарёфти курсии раёсатҷумҳурӣ вориди сабқат хоҳанд шуд? “Чаро не? Хонум Куфӣ қаблан эълон карда буд ва ман ҳам алоқаманд ҳастам. Аммо ман тарафдори он нестам, ки раъйҳои занҳои Афғонистон тақсим шавад, зери ҳар кадоми мо тарафдорони зиёди худро дорем,” посух дод хонум Борикзай. Ӯ афзуд, ки бо шурӯи маъракаи пешбарии номзадҳо занҳои афғон ҳам тасмимашон дар бораи довталаби курсии раёсатҷумҳуриро эълон хоҳанд кард.