Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи башар Светлана Ганнушкина рӯзи душанбе, 5 август, ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ ахиран аз ин қароргоҳ дидан кард, ки он муҳоҷирони ғайриқонунӣ баъд аз ҳукми додгоҳ интизори истирдод ба ватани худанд. Ба гуфтаи Светлана Ганнушкина, дар «лагери Голяново» тақрибан 600 шаҳрванди Вйетнам, ҳудуди 20 шаҳрванди Осиёи Марказӣ, ду суриягӣ ва як афғон нигаҳ дошта мешаванд. Онҳоро дар бозорҳо ва ҳамчунин дар ФОП – муассисаи варзишие, ки дар ҷойи бозори «Черкизово» бунёд шудааст, боздошт кардаанд. Хонум Ганнушкина меафзояд, ки барои истирдоди шаҳрванди Афғонистон асосе нест, зеро ҳуҷҷатҳои ӯ барои дарёфти паноҳандагӣ дар ҳоли баррасиянд. Истирдоди шаҳрвандони Сурия ҳам ғайримумкин аст, зеро дар он кишвар ҷанг идома дорад.
ХАЙМАЗИНДОН Ё «КАМЕРАИ ГАЗӢ»?
Светлана Ганнушкина мегӯяд, ӯ дар қароргоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон сӯҳбат дошт ва яке аз онҳо шиква кардааст, ки ҳангоми боздошт кормандони полис ноутбук ва ҳуҷҷатҳояшро гирифтаанд. Ҳамаи шаҳрвандони Осиёи
Марказӣ аз сӯи додгоҳ барои истирдод маҳкум шудаанд, вале маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии онҳо чӣ гуна сурат гирифтааст, зеро барои баррасии парвандаи ҳар як нафар ҳамагӣ чанд дақиқа ҷудо шуда буд ва онҳо имкони дифоъ аз худро надоштанд.
Хонум Ганнушкина меафзояд, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон – Нусратулло Ризвоншоевро кормандони полис ғайриқонунӣ, як рӯз пеш аз хатми сабти номаш, боздошт карданд. Ба гуфтаи ӯ, "дар як додгоҳ додрас аз истирдоди Нусратулло сарпечӣ кардааст, зеро асноди ӯ мушкиле надоштанд. Аммо кормандони полис ба ҷойи раҳо кардани Ришзоншоев ӯро ба дигар додгоҳ бурданд ва гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳояш тақаллубиянд".
Светлана Ганнушкина ба мо гуфт, ки вазъи «хаймазиндон» тоқатфарсо аст, зеро дар ҳар хаймаи на он қадар бузург чиҳил кати симини дуқабата гузошта шудааст. «Дохили ин хаймаҳо даромадан ваҳшатнок аст, зеро баъд аз чанд дақиқа кас худро дар «камераи газӣ» эҳсос мекунад», мегӯяд ҳомии ҳуқуқи башар. Ӯ меафзояд, ки аз ин амали мақомоти Русия шармаш меояд. Аз нигоҳи ҳомии ҳуқуқи башар, ҳама муҳоҷирон, агар ҳатто ғайриқонунӣ ҳам кор мекарданд, қурбонии системи заҳмати ғуломона ва ғайриқонуниянд, ки дар Русия дар пеши чашми ҳама арзи вуҷуд кардааст. Аз байн бурдани ин низомро на аз қурбониён, балки аз манбаъҳои он шурӯъ кард, мутмаин аст Светлана Ганнушкина.
РАЯ РИЗВОНШОЕВА: МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БЕСОҲИБАНД
Рая, хонуми Нусратулло Ризвоншоев, дар сӯҳбати телефонӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ рӯзи душанбе ҳам кормандони полис ба ӯ иҷоза надоданд, ки ба шавҳараш либоси тозаву ҷӯроб ва хамираи дандон расонад. «Шавҳари ман се рӯз боз дар қароргоҳ аст ва ман се рӯз боз барои ӯ либоси тоза мебарам, аммо кормандони полис қабул намекунанд. Шабҳо дар хайма ҳаво сард аст, шавҳари ман бошад бемории сармохурдагӣ дорад ва вақте, ки ӯро боздошт карда буданд, дар танаш фақат як «футболка» дошт», мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Рая, ба қароргоҳи боздоштшудаҳо дипломатҳои чандин кишвар – аз Вйетнам сар карда то Ӯзбакистону Қирғизистону Сурия омада буданд, аммо аз дипломатҳои тоҷик дарак набуд. Ӯ меафзояд, «ман ба сафорати Тоҷикистон телефон кардам, гуфтам, ки мо ин ҷо тамоман бесоҳиб мондаем, аз он ҷо гуфтанд, ки кору бор (яъне истирдод) баъди даҳ рӯз мешавад… Агар дар ин даҳ рӯз шавҳари бемори ман мурад, чӣ кор мекунам?.. Шавҳарам гуфт, ки дар он ҷо барқ нест, ҷойи оббозӣ нест, дар як рӯз фақат ду бор гречка медиҳанд ва он ҳам бе нон…».
Масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки алҳол теъдоди аниқи шаҳрвандони дар қароргоҳи Голяново бурдаи кишвар маълум нест ва ба иттилои онҳо тоҷикҳоро фақат як рӯз пеш ба он ҷо овардаанд. Қарор аст, ки масъулини ин ниҳоди муҳоҷиратӣ рӯзи сешанбе аз ин қароргоҳ дидан кунанд.
Рая ба мо гуфт, омода аст ҷарима супорад ва шавҳарашро аз ҳисоби худаш ба Душанбе фиристад. Ӯ афзуд, рӯзи душанбе, вақте аз телевизионҳои гуногун барои наворгирӣ ба қароргоҳ омаданд, чун намоишкорӣ барои боздоштшудаҳо ҷойхоб ва таом доданд, «аммо бачаҳои тоҷик гуфтанд, ки ин ҳама барои мо лозем нест, мо барои дамгирӣ ба Сочӣ наомадаем, тезтар истирдод кунед, ки ба ватанамон равем».
АМАЛИЁТИ ПУЛИС – ДАСТАКЕ БАРОИ МИЛЛАТГАРОҲО?
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, дар шаҳрҳои бузурги Русия, аз ҷумла, дар пойтахт ва дар Санкт-Петербург нажодпарастҳои рус аз амалиёти кормандони полис рӯҳ гирифта, ба амалиёти боздошти худсаронаи муҳоҷирони корӣ шурӯъ намуданд. Дар Санкт-Петербург крмандони полис 20 нафари онҳоро барои худсарӣ боздошт карданд ва акнун ба онҳо бо иттиҳоми авбошӣ то ҳафт соли маҳбас таҳдид мекунад. Аммо дар ҳамон шаҳр баъзе миллатгароҳо баъд аз гирифтани дастур аз кормандони полис ба тафтиши фурӯшандагони бозорҳо шурӯъ карданд. Онҳо худро харидор вонамуд карда,
аз фурӯшандаҳо ҳуҷҷат талаб менамоянд ва хориҷиёни бесанадро ба дасти кормандони полис месупоранд. Зимнан, қарор аст, ки казакҳо ҳам ҳам ба зудӣ дар амалиёти «поккорӣ» ба миллатгароҳо ҳамроҳ шаванд.
Ба навиштаи маҷаллаи «Огонек», дар Маскав ҳамла ба муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷунбиши «Сипари Маскав» ташкил кардааст, ки аз ниҳодҳои наздик ба созмони ҷавонони «Русияи ҷавон»-и ҳизби ҳокими «Русия воҳид» маҳсуб мешавад.
Александр Верховский, масъули маркази хабариву таҳлили «Сова»-и Маскав ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки "ба ин маърака пайвастани миллатгароҳо як амри воқеъист, зеро нажодпарастҳо ин гуна фурсатро аз даст намедиҳанд". Аслан, ба гуфтаи ӯ, ин гуна амалиёти миллатгароҳо дар ҳамдастӣ бо кормандони полис ва Хадамоти федеролии муҳоҷират - падидаи нав нест, онҳо қаблан ҳам борҳо ба ин иқдом даст задаанд. Ҷаноби Верховский мегӯяд, таҳлилҳои онҳо собит мекунад, ки дар Русия сатҳи нажодпарастӣ рӯ ба афзоиш аст. Аз нигоҳи ӯ, маъракаи алайҳи муҳоҷирон ва барои «поксозии бозорҳо» шурӯъ шуда бо маъракаи интихоботи мири шаҳри Маскав пайванди ногусастанӣ дорад ва он шояд баъд аз интихобот анҷом ёбад.
ДАР РУСИЯ БОЗ 83 «ХАЙМАЗИНДОН» ТАЪСИС МЕШАВАД
Амалиёти «поккорӣ дар бозорҳо» баъд он шурӯъ шуд, ки рӯзи 27 июл маъмури пулис Антон Кудряшов ҳангоми талоши боздошти як нафари гумонбари таҷовуз ба номус дар бозори “Матвеевский”-и Маскав ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи қафқозиҳо қарор гирифт. Кудряшов то ҳол дар бемористони ба номи Бурденко таҳти табобат қарор дорад. Нафари гумонбар дар таҷовуз Магомед Магомедов, ки талоши боздошти ӯ дар бозор ба занозанӣ ва латукӯби афсари пулис мунҷар шуд, ҳамроҳ бо хоҳараш Ҳалимат Расулова ва шавҳари ӯ Магомед Расулов алакай дастгир шудаанд. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки ба пулис ҳамла
карда, сари ӯро зада кафондаанд. Расулов ин иттиҳомро радд карда, гуфтааст, кормандони пулисро авбошони мусаллаҳ гумон бурдааст. Бар пояи ду банди Қонуни ҷиноии Русия (317 ва 318) ҳуҷум ба ходими пулис ҷурми ҷиддӣ арзёбӣ мешавад ва муҷрим метавонад ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад.
Ба иттилои раёсати умури дохилаи Маскав, дар ҷараёни амалиёт дао бозорҳои пойтахт 1436 тан аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд. Беш аз 4,5 ҳазор муҳоҷир мавриди тафтиши кормандони полис қарор гирифтаанд. Фақат дар як амалиёт дар шарқи Маскав 1200 шаҳрванди Вйетнам дастгир шуданд, ки дар 20 коргоҳи ғайриқонунӣ ба тавлиди либосҳои тақаллубӣ машғул буданд. Дар ҳамон минтақа 200 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Миср, Марокаш, Сурия, Ӯзбакистон ва Озарбойҷон низ ҳангоми кор дар корхонаҳои бидуни иҷоза ошкор шуданд.
Дар ҳамин ҳол боздошти муҳоҷирон боиси моҷарои дипломатӣ гардид. Сафорати Вйетнам дар Маскав аз шароити буду боши муҳоҷирони мунтазири истирдод дар шаҳраки хаймаҳои Голяново шадидан интиқод кард. Раҳбари консулгарии Вйетнам дар Маскав Ле Хонг Чюнг ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки “шароит дар қароргоҳ хело бад аст, дар як хаймаи андозааш 50 метри мураббаъ 40 нафар ба сар мебаранд, ин шароити комилан ғайрибашарист”. Ба гуфтаи дипломат ӯ аз мақомоти Русия дархост кардааст, ки дар бораи авзоъ дар шаҳраки хаймаҳо ва теъдоди вйетнамиҳои боздоштшуда иттилои дақиқ диҳад. Мақомоти Русия ба ин дархост алҳол посухе надодаанд.
Амалиёти зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар вилояти Маскав ва шаҳрҳои Русия густариш меёбад. Ба иттилои расонаҳо, рӯзи 5 август дар шаҳри Долгопруднийи канори Маскав беш аз 600 муҳоҷири ғайриқонуние боздошт шуданд.
Ба иттилои нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, қарор аст, ки дар сартосари Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ 83 қароргоҳ таъсис шавад.