Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Орзу дорам, қуллае дар Амрикои Ҷанубӣ «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад"


Фарҳод Мӯъминов, ҷавони кӯҳнаварди тоҷик, баъд аз анҷоми ду экспедитсияи байнламилалӣ, ки охиринаш 1 моҳ давом кардаву 4 кишварро дар бар мегирифт, барои чанд рӯз ба Тоҷикистон баргашт.

Дар муддати яку ним моҳ ӯ ба қуллаи баландтарини Аврупо бо номи Элбрус, ки баландияш 5 ҳазору 642 метр аст ва ҳамчунин ба яке аз қуллаҳои баландтарин дар ҷаҳон, қуллаи Ленин, ки ҳоло номи Абуалӣ Синоро гирифта 7 ҳазору 134 метр баландӣ дорад, баромадааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 300 нафар аз кӯҳнавардон барои фатҳи ин қулла талош карда, танҳо 100 нафари онҳо ба ин кор муваффақ шудаанд. Ба нақли Фарҳод, баъзе аз ҳамроҳонаш зимни ба қулла баромадан сарозер шуда, ҷароҳат бардоштааанд ва ҳатто нафаре аз онҳо аз сафедии барф ва нури офтоб нобино шудааст. Фарҳод, ки меҳмони дафтари Душанбегии Радиои Озодӣ буд, ба чанд суоли мо роҷеъ ба муваффақиятҳои ахираш посух дод.

Фарҳод Мӯъминов: Ширкат кардан дар дилхоҳ экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ, ин як паҳлӯи кор аст, аммо то ба қулла расидану аз он ҷо сиҳату саломат баргаштан муҳимтар аз он. Бисёре аз кӯҳнавардон бо омодагии хуб рафта буданд, аммо бо сабабҳои мухталиф то ба кулла нарасиданд ва ба ватанашон баргаштанд. Дар миёни онҳо аз ҳама хурдтаринашон ман будам, чун ҳамагӣ 23 сол дорам. Ва вақте ман ба онҳо дар бораи он, ки то ин муддат чандин қуллаҳоро фатҳ кардам қисса мекунам, онҳо ҳайрон мешаванд, ки чӣ гуна ман тавонистам ин корро анҷом биҳиҳам.

Фарҳод Муъминов
Фарҳод Муъминов

Озодӣ: Барои мо ҳам ин хеле ҷолиб аст, ки шумо аз куҷо нерӯ мегиред ва оё машқҳои иловагӣ низ мекунед?

Фарҳод Мӯъминов: Фирк мекунам, дар мадди аввал ин гузоштани мақсад аст. Баъд ин, ки агар шахс воқеан ватани худро дӯст дорад ва мехоҳед кореро барои ватани худ анҷом бидиҳад, ҳатман нерӯ пайдо мекунад. Ман аз давраи мактабхонӣ ба кӯҳнавардӣ майл пайдо карда будам ва ҳамингуна дар Русия низ мактабро дар соҳаи туризм хатм кардам ва соҳиби диплом гаштам, дар ҳамон ҷо мардуми рус ба ман мегуфтанд, ки ҷой ту дар ин ҷо нест. Ва ту бояд ҷиддан ба ин кор машғул шавӣ, зеро аз мо фарқ мекунӣ. Чунки дар миёни русзабонҳо ман аз ҳама пештар ҳар он чизеро, ки меомӯхтанд, аз худ мекардам. Бояд бигӯям, барои кӯҳнаварди хуб шуданд, хариташинос будан хело муҳим аст. Яъне, мо ҳама харитаҳои шаҳрҳо, кӯҳҳо ва ҷангалҳоро месозем. Аз рӯи ин харитаҳо мо дар кӯҳҳо машқҳоро анҷом медиҳем.

Озодӣ: То ҷое мо маълумот дорем, шумо дар моҳи май зимни мулоқот бо президент таъсиси мактаби кӯҳнавардиро дар Тоҷикистон дар миён гузоштед.

Фарҳод Мӯъминов: Бале маро ба ин мулоқот ба хотири он даъват карда буданд, ки ман дар муддати се сол барномаи махсуси соҳаи туризм ва кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистонро омода кардаам. Бо истифода аз ин фурсат ман ба президент пешниҳод кардам, ки дар шаҳри Душнабе мактаби кӯҳнавардӣ бунёд карда шавад. Ин ба он маънист, ки дар сурати бунёди чунин мактаб мо метавонем дар ояндаи наздик кишварро бо мутхассисони худӣ таъмин кунем, то ин ки табиати ватанамонро ҷавонони худамон идора кунанд. Масалан, барои фатҳи қуллаҳо дар Тоҷикистон пешбарандаҳои кӯҳнавардон русҳоянд. Яъне, онҳоро махсус барои кор ба Тоҷикистон даъват мекунанд. Пас суоле ба миён меояд, ки чаро худи мо ин корро анҷом додан наметавонем, дар ҳоле, ки 93 дарсади Тоҷикистон кӯҳсор аст? Ва мо ҷавононе, дорем, ки метавонанд ба ин

корҳо машғул шаванд, дар сурате, ки барои бунёди чунин дастгирӣ ёбем ва барои ба роҳ мондани фаъолияти он ба маблағ ниёз аст. Аммо баъдан мо метавонем ба тариқи рекламаҳои гуногун кӯҳнавардони ҷаҳонро ба Тоҷикистон даъват кунем. Ва мисле, ки президент гуфт, ин тарҳ амалишаванда аст. Танҳо мушкил дар он аст, ки ман як соли дигар бодя дар Русия таҳсил кунам аз ин хотир ҳоло мо наметавонем сохтмони ин мактабро оғоз кунем. Аммо соли оянда ҷиддан аз пайи он мешавам.

Озодӣ: Барномаҳои баъдии худро мушаххас кардаед?

Фарҳод Мӯъминов: Ман аллакай барномаҳи сафарҳои соли 2014 -умро омода кардаам. Дар ҳолате, ки агар аз сӯи ҳукумати кишвар дастгирӣ ёбам, дар Амрикои Ҷанубӣ қуллаҳое ҳастанд, ки то ҳанӯз фатҳношудаанд ва ном ҳам надоранд. Агар маблағгузорӣ шавад, ман мехоҳам ба Амрикои Ҷанубӣ сафар карда, ба яке аз ҳамон қуллаҳо бароям ва дар сатҳи ҳукумати он кишвар номгузорӣ кунам. Ва ман орзу дорам, исми он қулларо Тоҷикстон гузорам.

Дар роҳ ба сӯи қуллаҳои осмонбӯс
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

XS
SM
MD
LG