Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марги бегуноҳ" бозгӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст?


Ахиран дар Кохи Ҷомӣ нахуст намоиши филми ҳунарии «Марги бегуноҳ» баргузор гардид, ки аз рӯи асари нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоев таҳия шудааст.

Тавре дар пешгуфтори филм зикр гардид, филм бофтаи тахайюли муаллиф набуда, асоси воқеӣ дорад ва муаллиф ҳодисаҳое ба қалам додаст, ки худ шоҳид будааст. Муаллифони филмнома шоир Гулназар Келдӣ ва Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буданд. Филм ҳаводиси ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997-ро фаро мегирад. «Марги бегуноҳ» силсилафилмест, ки аз шаш қисмат иборат аст ва дар нахустнамоиш мухтасаран ба бинандагон пешниҳод гардид. Дар намоиши нахустини ин намоишнома адибон Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самадов, Низом Қосим, Кароматулло Мирзоев, Камол Насрулло, ҳунармандон Саидқул Билолов, Ибодулло Машрабов, Убайдулло Раҷабов ва дигарон ширкат доштанд

Таҳиягарони ин филм Юнус Юсуфӣ ва Асланшоҳ Раҳматуллоев буда, нақшҳои асосиро дар он Абдукарим Машрабов, Марина Баракбаева ва Асланшоҳ Раҳматуллоев офаридаанд. Пас аз анҷоми нахустнамоиш мо сӯҳбате доштем бо яке аз таҳиягарони филм, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматулоев. Дар оғоз аз ӯ пурсидем, ки ғояи асар чист ва филм кадом ҳадафро думбол кардааст?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Мавзӯи асар воқеоти ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва инъикоси решаҳои он аст. Яъне, ҳанӯз пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ аллакай байни деҳаҳо нофаҳмиву ранҷиш ҷой дошт. Мардуми як деҳа ба деҳаи дигар об намедод, дигаре ҷанҷол мекард. Баъди он, ки яроқ ба дасташон афтод, ба қасосгирӣ сар карданд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев
Асланшоҳ Раҳматуллоев
Радиои Озодӣ: Чӣ зарурат буд, ки имрӯз чунин як филме сохта шавад?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Барои пешгирии такрори ҳамон воқеаҳо. Ҷавоне, ки ҷангро надидааст, дар бораи он нахондааст, вақте ки филмҳои «боевик»-и бисёрро тамошо мекунад, ба худ мегӯяд, ки агар ман шам яроқ медоштам, ягон касро мепарондам. Гумон мекунад, ки ин беҷазо мемонад. Ҳадафи мо фаҳмонидани он аст, ки агар ба дасти кас яроқ афтад, чӣ касофатҳо меорад. Чӣ қадар мардумро бадбахт мекунад. Ин филмро бину панд гир. Агар чунин филмҳо набошад, ки тамошо кунем, он ҳодисаҳоро пинҳон дорем, ба гузашта салавот гӯем, дуруст нест. Ин дунёро фаҳмида намешавад, ки фардо чӣ ҳодиса мешавад.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо имрӯз ягон хавф вуҷуд дорад?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Дар Тоҷикистон не. Аммо дар ҷаҳон хавф ҳаст. Дар дигар давлатҳо мебинем, ки чӣ қадар муқобили ҳам меҷанганд. Зеро ин ҳамаро пешбинӣ намекарданд. Чун ҳозир дар мо ин хавф нест, пешакӣ пеши роҳашро гирифтан даркор. Набояд гӯем, ки олам гулистон аст. Ҷавонҳоро тарбия кардан даркор. Мо танҳо як хӯшаи ҷангро дар филм нишон додем. Боз калонсолон нишаста ба фарзандонашон асли воқеаро нақл мекунанд. Ба мо зарур аст, ки ҳукумати пурқудрат дошта бошем. Агар ҳукумат суст бошад, ҳар кас кори худро кардан гирад, шумо гумон мекунед, ки ин воқеаҳо такрор намешаванд? Дар ҳафтод соли замони шӯравӣ мо яроқро надида будем. Лекин худамон худамонро ба чӣ рӯз оварда расондем? Агар ин хел филмҳо мешуд, ки пешгирӣ мекард, шояд мо ба ин роҳҳо намерафтем.

Радиои Озодӣ: Дар филм лаҳзаҳои даҳшатнок, кушторҳои бераҳмона зиёд буд. Нишон додани ин қадар даҳшати зиёд ба кадом хотир буд?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Ба он хотир, ки агар андеша накунем, ба ҳамин даҳшат расиданамон мумкин аст. Ҳама ҳодиса аз чизҳои хурд сар мешавад. Мақсади ягонаи мо он аст, ки сулҳ бошад. Шукр гӯем, ки имрӯз ҷавонон он ҷанг намедонанд, надиданд. Мардум ҳукуматро пурқувват кунанд, ҷумҳуриро пурқувват кунанд.

Гӯшае аз филм.
Гӯшае аз филм.
Радиои Озодӣ: Воқеоти ҷанги шаҳрвандӣ аз кадом дидгоҳ таҳлил шудаанд?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Дар он ҷанг ҳама гунаҳкор буд. Он давра ҳама мегуфтанд, ки аз инаш ҳам безорем, аз онаш ҳам. Даврае буд, ки ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас бовар намекард. Аммо хулоса он аст, ки бадӣ ҳамеша ҷазояшро мебинад. Бадӣ кардӣ, яроқ гирифтӣ, рӯзе як яроқи дигар меояду туро нест мекунад.

Радиои Озодӣ: Дар филм тарафҳои сафеду сиёҳ ҳаст ё тавозун риоя шудааст?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Тавозун риоя шудааст. Мо мардумро ҷудо накардем. Чӣ ҳукуматӣ аст, чӣ ҷониби дигар. Ҷониби мухолиф вақте, ки сустии ҳукуматро ёфтанд, қасосгирӣ сар шуд. Ин воқеоти сиёсӣ набуд. Баъд ба сиёсат табдил ёфт. Ҳукумат суст буд, пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонист. Яроқ ба дасти ҳар кас афтид. Аслан, Барзуи қумандон, қаҳрамони асосии филм, ҷавоне буд аз ҳама қарздор. Яроқ ёфт, пул ёфт, дигар ягон қарздор наздаш наомад. Фаҳмид, ки ҳамин аст ҳимоятгари ман. Ҳукумате набуд, ки пеши роҳашро гирад, додгоҳ набуд.

Радиои Озодӣ: Магар ҳукумати имрӯза ҳукумате нест, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ сари қудрат омад. Вақте шумо ҳукуматиҳоро ҳам гунаҳгор мекунед, ин чӣ гуна қабул шуд?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Он замон дар ҳукумат аскар намерасид. Мисли имрӯза ҷавононе, ки ҳама қоидаи ҷангро медонанд, он вақт набуданд. Аз кӯча дошта мебурданд, баъзеашон ҳатто яроқро ба даст гирифта наметавонистанд. Аз он тараф ҳам ҳамин тавр буданд. Кадомаш, ки гурӯҳ ҷамъ карда тавонист, рафт, хӯҷаин шуд. Аслан, дар ин ҷанг ҳам муллоҳо азоб кашиданд, ҳам тамоми зиёиён ранҷ бурданд. Ҳозир шукри Худо, ҳама ҷо ба ҷоянд. Ҳоло ҳама медонанд, ки агар хато кардӣ, ҷазоятро мебинӣ. Гуноҳат авҷ нагирифта, аллакай аз роҳат бозмедоранд. Он замон ҳукумати шӯравӣ яке аз байн рафт, сари калоба гум шуд. Ҳафтод сол хӯрда мегаштем, маошамонро медоданд, якбора дунё дигар шуд, дар он дунё зиндагӣ карда натавонистем.

Радиои Озодӣ: Шумо фикр мекунед филми шумо ба воқеоти он замон баҳои воқеӣ дод?

Яке аз қаҳрамонони филм.
Яке аз қаҳрамонони филм.
Асланшоҳ Раҳматуллоев: Баҳодиҳӣ дар пеш аст. Ин ҳоло як ҷониби воқеа аст.

Радиои Озодӣ: Чаро Барзуи қумандон аслан бештар аз думболи Малика, муаллимае мегардад ва барои надоштани сатр бо ӯ душманӣ мекунад?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Малика духтар равшанфикр буд, ки донишгоҳи омӯзгориро хатм кардааст ва сатр пӯшидан намехоҳад. Барои Барзу беҳтар буд, ки ин хел муаллимаҳо набошанд. Савод барои бесаводҳо хатар буд, душман буд. Як гӯшаи савод ҳамон духтар буд, ки эътироз кард, ман мисли шумо зиндагӣ кардан намехоҳам. Барои ҳамин Барзу талош мекард, решаи онро нобуд созад.

Радиои Озодӣ: Вале худи Барзу духтареро дӯст дошт, ки дар донишгоҳи омӯзгорӣ мехонд ва Барзу розӣ буд, ки вай таҳсилашро идома диҳад…

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Зеро он духтар ба вай халал намерасонд. Барзу мусулмониро баҳона мекард, вале худаш аз мусулмонӣ ягон хабар надошт. Мақсади ягонааш он буд, ки дар ҳамон шароит худаш ҳукмрон бошад. Агар як кас халал расонад, ӯро нобуд созад. Вай муҷоҳид набуд. Муҷоҳид Ҷиёнхон буд, ки Қурбони Собир нақшашро бозӣ кард. Вай барои идея мубориза мебурд. Вай босавод буд. Барзу барои идея мубориза намебурд. Вай танҳо барои манфиати худаш ҳама усулро пеш бурд. Ҷиёхон барои Худо мубориза мебурд. Чун дид, ки Барзу аз Худо бехабар аст, аз ӯ рӯй гардонд.

Радиои Озодӣ: Ин филми шумо дар остонаи интихобот рӯи навор омад. Ин ба интихобот рабте дорад, чун идеяҳои раисҷумҳурро пайгирӣ мекунад, яъне таъкид мекунад, ки ҷанги шаҳвандиро фаромӯш насозанд?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Ҳамфикр буданамон чунин маънои надорад. Ман худам шахсан ин ҷангҳоро аз сар гузарондам. Президент ҳам дар ҳамон шароит буд. Ҳамаамон дар ҳамон шароит будем. Ҳама одамони солимақл ҳамин гапро мегӯянд, ки эй бародарон, эҳтиёт кунед. Аз сустии ҳукумат дигарон истифода мебаранд. Ҳамаамонро нобуд месозанд. Биёед, иттифоқ шавем. Ҳашт миллион мардум баробари аҳолии як кӯчаи Маскав нест. Худамон ба якдигар дӯстӣ накунем, маҳалбозӣ кунем, нест кардани мо чист? Мо ба ҳеч кас даркор нестем, лекин заминамон даркор, обамон даркор. Ба умеди акоҳои берунӣ шавем, рӯз намебинем.

Радиои Озодӣ: Худатон аз филм қонеъ ҳастед?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Ин фарзанди ман аст. Кай касе гуфта буд, ки дӯғи ман турш.

Радиои Озодӣ: Филм дар чанд муддат ва дар куҷо наворбардорӣ шуд?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Филм дар муддати кӯтоҳ, 56 рӯз дар мавзеъҳои Мағмуруд, Қиблаӣ ва Қаротоғ.

Радиои Озодӣ: Филмбардории кадом лаҳзаҳо душвор буд?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Саҳнаи тирандозиҳо. Чун ҳама воқеӣ буданд, садоҳо зинда буд. Ҳама чизе, ки мебинед, аз ягон ҷо гирифта нашудааст, грантомёт ва тири танкҳо ҳақиқӣ буданд. Мошинҳоро дар пеши назари мардум таркондем.

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо мушкили аслии филмсозони тоҷик чист?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Набудани маблағ. Аз ҷиҳати касбият танқисӣ намекашем. Ману Юнус Юсуфӣ хатмкардаҳои Донишгоҳи кинематографии Маскав ҳастем. На танҳо дар ин ҷо, балки дар Русияву дигар кишварҳо филм ба навор мегирем, нақш меофарем.

Радиои Озодӣ: Барои ин филм чӣ қада маблағ сарф шуд?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Инашро ман намегӯям, чун худам ҳам намедонам.

Радиои Озодӣ: Метавонед гӯед, ки ба шумо чӣ қадар музд доданд?

Асланшоҳ Раҳматуллоев: Ин хел чизҳоро намегӯянд.
XS
SM
MD
LG