Нафиса Имрнонова дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт тасмим дорад дар оянда ҳам дар чунин намоишҳо маҳсули меҳнаташро пешкаши муштариён ва хоҳишмандон гардонад. Вай мегӯяд, дар баробари мизоҷони дохилӣ, алакай дар хориҷа ҳам муштарӣ пайдо кардааст. Ба гуфти Нафиса вай то 100 – 200 доллар либосҳои омодакардаашро ба муштариён мефурӯшад.
"Мизоҷони ман асосан дар дохили кишваранд. Вале ҳудуди 20 муштарии дигар дар хориҷ, аз ҷумла дар Амрико дорам, ки онҳо фармоиш медиҳанд ва ман омода карда мефиристам."
Нафиса Имроноваи 22 сола, дар шаҳри Душанбе шоми 23 август намоиши либоси тарроҳикардаашро баргузор намуда буд. Тарроҳи ҷавон мегӯяд, тарҳҳое ки омода мекунад ҳамагӣ аз ҳисоби худаш маблағ сарф мекунад ва дар ин роҳ сарпарасте надорад.
Нафиса Имронова баъд аз хатми яке аз мактабҳои миёааи Бадахшон ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шудааст. Ҳоло донишҷӯи курси панҷуми ин донишгоҳ аст ва мегӯяд соли дувум аст маҳсули корашро ба намоиш мегузорад.
Ба гуфти ӯ меҳри тарроҳӣ ба дилаш ҳанӯз аз овони хурдӣ ҷой дошта, омӯзиш дар курсҳои рассомӣ ва акнун дар донишгоҳ дар ин ришта онро тақвият додаст.
Дар намоишгоҳи ахире, ки дар Душанбе баргузор кард 24 навъи либос пешниҳоди мардум кардааст. Вай мегӯяд тарзи интихоби тарҳ барояш озод аст ва аз либосҳои миллии тоҷикӣ то тарҳи мӯди аврупоиро омода мекунад.
Нафиса Имронова идеяҳои худро барои эҷоди ҳама навъи либос амалӣ ва намунаҳои беҳтаринро дар саҳифаи Fashion Jivj, яъне “Ишқи мӯд” тавассути шабакаи иҷтимоии Фейсбук таблиғ мекунад. Дар доираи тарроҳони тоҷик, ки ба қавли нозирон, тоза дар ҳолати шаклгирӣ ва пешрафт аст, исми ӯ шинохташуда аст. Соли гузашта ӯро дар миёни 50 шахсияти маъруфу саршиноси ҷомеа бо ҷоизаи “Шахси босалиқа”-и радиои “Ватан” қадрдонӣ карданд.
Баҳори соли 2012 Нафиса Имронова дар қатори дигар духтарони тоҷик дар намоишгоҳи 10 тарроҳи ҷавон «Design Dushanbe 2012″ иштирок кард. Ин маърака бо ташаббуси як фаъоли ҳуқуқи башар ва корманди соҳаи рушди инсонӣ, хонуми амрикоӣ Меридин Пӯрвз (Marydean Purves) соле як бор баргузор мешавад.