Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавзаҳои холӣ аз нозирони аҳзоби сиёсӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар аксари ҳавзаҳои интихоботӣ номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон нозирони худро пешбарӣ накардаанд.

Нозирони номзадҳо бояд дар ҳавзаҳо қабл аз баргузории интихобот сабти ном шаванд ва ҳангоми баргузории ин маърака шафофияти онро назорат кунанд.

Икром Фозилов, раиси «Ҳавзаи интихоботии Кӯлоб-45» мегӯяд, ба ҷуз чор нафар нозирони хориҷӣ, дигар ягон нозири дохилӣ барои сабти ном шудан дар ин ҳавза талош накардааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Фозилов, онҳо аз номзадҳо хоҳиш карда буданд, ки то 1-уми ноябр нозирони худро барои сабти ном пешниҳод кунанд.

Икром Фозилов.
Икром Фозилов.
Ӯ гуфт: «То имрӯз ягон ҳизби сиёсӣ руйхати нозирони худро пешниҳод накардааст. Мо гуфтем, ки руйхататонро ҳарчӣ зудтар то якуми ноябр бифиристед, аммо то ҳол ҳеҷ кадоми онҳо муроҷиат накардаанд. Мо ба ҷуз ба қайдгирии нозирон, боз садҳо кори дигар дорем, барои ҳамин фурсат кам аст. Агар ягон сабаби узрнок дошта бошанд, шояд дертар ҳам ба қайд гирем, лекин бе сабабҳои узрнок набояд онҳо чунин кунанд.»

Аксари номзадҳо дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки воқеан, то ҳол фурсати дар ҳама ҷо пешниҳод кардани нозиронашонро пайдо накардаанд. Саидҷаъфар Исмонов, номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон ба мақоми президентӣ мегӯяд, воқеан, таъмини ҳамаи ҳавзаҳо бо нозирони кори мушкил аст. Ӯ гуфт: «Қариб беш аз ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ аст, ки ҳамаи онҳоро фаро гирифтан мушкил аст. Лекин мо дар аксари ҳавзаву қитъаҳои раъйдиҳӣ нозирони худро гузоштаем. Дар Кӯлоб ва ноҳияи Рашт, Нурообод, Ҷиргатол мондааст. Дар Душанбеву вилояти Суғд ва аксари навоҳии тобеи марказу Бадахшон нозирони мо аллакай сабти ном шудаанд.»

Дар интихобтҳои гузашта то се рӯз ба оғози интихобот номзадҳои имкони пешбарии нозиронашонро доштанд. Аммо Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР мегӯяд, дар интихоботи навбатӣ то рӯзи 5-уми ноябр, яъне як рӯз қабл аз баргузории интихобот, номзадҳо ҳақ доранд нозирони худро сабти ном кунанд.

Ӯ гуфт: «Баргузории интихоботи шаффофро мо бояд исбот кунем. Барои ҳамин гуфтем, ки то рӯзи охир нозиронро ба қайд гиред. Мӯҳлат нагуфтем, ки боз нозирон хафа нашаванду нагӯянд, ки роҳи моро бастанду фалону фалон. Барои ҳамин мӯҳлат нагуфтем, ки биёянду бинанд, ки мо чи хел интихобот мегузаронем. Мо аз ҳамин гапҳои беҳуда безор шудаем. Интихобот кушоду равшан аст. Марҳамат, биёянд, бубинанд, бигӯянд, ки интихобот чи гуна гузашт?»

Қарор аст, 6-уми ноябр интихоботи президентӣ Тоҷикистон баргузор шавад. Дар ин интихобот ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии кишвар, инчунин 5 номзади дигар низ ширкат мекунанд.

Шафофияти интихоботро ба ҷуз нозирони дохилӣ, инчунин нозирони хориҷӣ низ бояд назорат кунанд. То кунун танҳо нозирони хориҷӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ сабти ном шудаанд. Аммо дар аксари ҳавзаҳо аз нозирони дохилӣ дараке нест.
XS
SM
MD
LG