Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон

Нигоҳи лаҳза ба лаҳза ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аксу видео, хабару гузориш ва вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад – раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ,Толиббек Бухориеваз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудаанд.
19:11 6.11.2013
Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИР) мегӯяд, то соати 18 ба вақти Душанбе 80,3 фоизи мардуми соҳиби ҳаққи овоз дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон овоз додаанд.
Бино ба гузориши КМИРТ, то соати 18-00, ки то поёни раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ду соати дигар монда буд, 80,3 фоизи мардуми соҳиби ҳаққи овоз дар ин маърака раъйи худро доданд. Шумори онҳое ки то ин соат аз ҳаққи худ барои ширкат дар интихобот истифода бурданд, 3 380 068 нафар гуфта мешавад.

Ҷамъи интихобкунандагон дар Тоҷикистон каме бештар аз 4 миллион нфар баровард шудааст. Раъйдиҳӣ соати 20-00 ба вақти Душанбе поён меёбад.

КМИР ҳанӯз соати 14-00 аз ширкати 68 дарсади мардум дар раъйгирӣ хабар дода гуфт, интихоботи президентии Тоҷикистонро метавон баргузоршуда хонд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, барои таъмини машрӯъияти интихоботи ширкати беш аз 50 фоизи мардуми соҳиби ҳаққи овоз кофист.
15:55 6.11.2013
Ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар Маскав


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки то соати 14-00 ба вақти Маскав дар қитъае, ки дар бинои сафорат, дар тангкӯчаи Гранатний ташкил шудааст, 61,2 дарсади шаҳрвандони тоҷики дар сафорат сабтиномшуда раъйи худро додаанд. Барои таъмини ширкати муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои бузурги Русия 24 қитъаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст. Сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, аъзои куммиссиюни интихобот сандуқи раъйдиҳӣ дар даст ба чанд бозори бузургу миёнаи умдафурӯшӣ ва сохтмонҳое, ки тоҷикон кор мекунанд, низ рафтаанд. Як қисми аъзои ин куммиссиюн то ҳол дар чанд сохтмони шаҳру вилояти Маскав – маҳалли кори муҳоҷирони тоҷик - қарор доштаанд.
Ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар Маскав
Ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар Маскав
15:45 6.11.2013
"Русия 24" интихоботи Тоҷикистонро аз Амрико фарқ накард

Шабакаи телевизионии хабарии Русия – “Русия 24” рӯзи 6 ноябр дар титрҳояш интихоботи президентии Тоҷикистонро интихоботи Амрико навиштааст. Дар титрҳои барномаи ин шабакаи давлатӣ навиштаанд, ки “Дар Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико идома дорад.” Ин иштибоҳи зоҳиран фаннӣ вокунишҳои манфиеро дар Тоҷикистон ба бовар овард. Бисёриҳо бо ишора ба танишҳои мудавоми байни раҳбарони Русияву Тоҷикистон мегӯянд, баъид нест, агар шабакаи русӣ ин корро барқасд карда бошад.
15:32 6.11.2013
Раҳбари нозирони САҲА мегӯяд, онҳо то анҷоми раъйгирӣ ва шумориши оро назораташон бар интихоботи президентии Тоҷикистонро идома хоҳанд дод.Гордана Сомич, раҳбари ҳайъати нозирони САҲА рӯзи 6 ноябр дар Душанбе ба хабаргуӯории Ройтерс гуфтааст: “мо шоҳиди мардуми зиёд ва занони зиёде ҳастем, ки ба марказҳои овоздиҳӣ меоянд. Ман намедонам, ки занон ҳамеша чунин овоз медиҳанд ё имрӯз истисноист, вале аз дидани занҳое, ки ба овоздиҳӣ мераванд, хеле хушам омад. Ҳамачиз то ин соат то ҷое хуб мегузарад.”

Аммо хонум Сомич дар ҳоли ҳозир, ки раъйдиҳӣ ҳанӯз идома дорад, аз шарҳи мавридҳои нақзи қонун дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон худдорӣ кардааст: “Мо дар давоми рӯз хоҳем дид, ки оё дар инҷо кадом мавриди поймол шудани ҳуқуқи интихобкунандагон буд ё на? Ягон мавриди нақзи ҷараёни раъйгирӣ буд ваё ҳамачиз дар ниҳоят хуб хоҳад гузашт. Ва танҳо баъди баста шудани ҳавзаҳо ва шумориши оро, мо изҳороти ниҳоӣ ва хулосаҳои ниҳоии худро омода мекунем. Ман умедворам, ки ин як рӯзи хубе барои мардуми Тоҷикистон хоҳад шуд.”

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG