Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон

Нигоҳи лаҳза ба лаҳза ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аксу видео, хабару гузориш ва вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 ноябр 6 номзад – раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Исмоил Талбаков аз ҳизби коммунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалист, Саидфаъфар Исмонов аз ҳизби демократ,Толиббек Бухориеваз ҳизби аграрӣ ва Олимҷон Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шудаанд.
11:59 6.11.2013
Видеои қонуншиканӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон:

11:53 6.11.2013
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар 3 маркази раъйдиҳии шумораҳои 63, 65 ва :7, воқеъ дар шаҳраки Шифо ва рустои Қирғизон и ноҳияи Ваҳдат мавориди нақзи қонуни интихоботро мушоҳида кардаанд. Аз ҷумла ба ҷои чанд узви хона додани як нафар ё бидуни шиноснома ба раъйдиҳӣ омадани интихобкунандагон.

Як зани кӯҳансол ҳам аз номи худ ва ҳам аз номи панҷ фарзандаш раъй дода, дар шарҳи ин гуфт, фарзандони ӯ дар муҳоҷират қарор доранд ва намояндагони қитъа мувофиқат кардаанд, то вай ба ҷои онҳо раъй диҳад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ занеро низ вохӯрданд, ки дар даст 10 баргаи раъй дошт ва аз номи аҳли хонаводааш раъй медод. Ин зан гуфтааст, ки шавҳару фарзандон ва келинҳояш вақт надоранд ва ба ҷои ҳамаи онҳо танҳо худи ӯ омадаст. Аммо масъулони қитъаҳои интихоботӣ мавридҳои нақзи қонунро рад карда ва гуфтаанд, ки ин гуна маворид ночиз аст. Ба гуфтаи онҳо, то ин соат дар шаҳраки Шифо ва рустои Қирғизон 80 дарсад раъйи худро додаанд.
Аз сӯи дигар хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар ин се маркази раъй танҳо як нозир ва он ҳам аз ҳизби ҳокими халқии дқемокраии Тоҷикистон раванди интихоботро назорат мекард. Хабарнигорон дар ҳеҷ кадои ин қитъаҳо бо нозирони байналмилалӣ вонахӯрдаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан муовини дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар пайи боздид аз маркази раъйдиҳии воқеъ дар бинои Иттиҳодияи адибон дар Душанбе гуфт, нозирони ин созмон то ин соат ягон мавриди нақзи қонун дар ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистонро мушоҳида накардаанд. Ба гуфтаи Нурлан Оққӯчқоров, «нозирони интихоботии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳамеша дар тамос ҳастанд ва аз гузоришҳои онҳо бар меояд, ки то кунун ҳеҷ мавриди нақзи қонун дар раванди баргузории интихобот ба мушоҳида нарасидааст.» ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозир, аз ҷумла 165 нозири САҲА ва 150 нозир аз СНГ, назорат мекунанд.
11:47 6.11.2013
Гузориши видоеӣ аз нахустин қонуншиканиҳо дар интихоботи президентии Тоҷикистон.
11:44 6.11.2013
Журналист Дейвид Триллинг мегӯяд, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар автобусе ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ мерафтанд, ки дар ҷойи намоёни он акси таблиғотии раисиҷумҳури Тоҷикистон овезон буд. Танҳо баъд аз ишораи дигарон нозирони байнулмилалӣ шарм карданд ва ин аксро бардоштанд. Онҳо мегӯянд, автобусро мақомоти давлати Тоҷикистон барояшон фиристодаанд ва бино бар ин дар он акси Эмомалӣ Раҳмон овезон буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG