Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик бо гумони таблиғи Ҳизб-ут-таҳрир дар масҷиди таърихии Маскав


Вазорати умури дохилаи Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир хабар медиҳад.

Бино бар иттилоъи расмии нашршуда дар сомонаи вазорати умури дохилаи Русия, мақомот ҳангоми боздошт аз як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон шумораи 265-уми маҷаллаи “Ал-Вайъ”-ро, ки моҳи феврали соли 2009 нашр шуда, моҳи апрели соли 2011 аз сӯи додгоҳи шаҳри Нефтеюгански вилояти Тюмен мамнӯъ эълон шудааст, кашф ва мусодира кардаанд. Бино бар ин манбаъ, тафтишот маълум кардааст, ки ин шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон рӯзи 27 сентябри соли равон дар масҷиди таърихии Маскав шабномаҳоеро паҳн кардааст. Ин шабномаҳо “ба пайвастан ба Ҳизб-ут-таҳрир ва муқовимат ба ҳукумати кунунӣ даъват мекард.”

Қаблан дар ҳамин масҷид ҳангоми намози ҷумъа як шаҳрванди қирғиз низ ҳангоми даъвати намозгузорон ба ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир дастгир шуда буд. Масҷиди таърихии Маскав, воқеъ дар кӯчаи Болшая Татарская дар канори рӯди Маскав, ҳанӯз соли 1823 сохта шуда, қадимтарин масҷид дар пойтахти Русия ба шумор меравад.

Пулиси Русия исми нафари боздоштшударо ошкор накардааст, вале мегӯяд, ки ӯ қаблан бо ҷурми поймол карданишароити иқомат дар Русия аз қаламрави ин кишвар берун карда шуд, вале бо асноди қалбакӣ баргашта, “ҳамчунон ба аъмоли ҷиноияш – истихдоми аъзои нав ба Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ ва паҳн кардани шабномаҳои ифротгароёна ва маҷаллаи “Ал-Вайъ” - идома додааст.”

Ҳизб-ут-таҳрир як гурӯҳи пинҳонкори мазҳабист, киҳанӯз дар солҳои 50-уми асри гузашта дар сарзаминҳои фаластинӣ таъсис ёфта, барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистону Русия расман манъ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то имрӯз беш аз 500 узви ҳизби Таҳрирро дар ин кишвар боздошт ва зиндонӣ кардаанд.

Бештари тарафдорони ин гурӯҳ дар Тоҷикистон узбакзабонҳоянд ва бисёре аз аъзои ҳизби Таҳрир ба хотири раҳоӣ аз таъқиби мақомот маъмулан ба Русия фирор мекунанд. Вале чанд мавриди боздошти шаҳрвандони тоҷик дар он кишвар бо гумони ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-таҳрир нишон медиҳад, ки ин афрод дар Русия ҳам, ба таъбири мақомоти ин кишвар, “аз аъмоли ҷиноии худ даст накашидаанд.”

Аз ҷумла моҳи октябри соли 2010 дар вилояти Калуга фаъолияти як шӯъбаи маҳаллии созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-таҳрир ошкор карда шуд. Бар асоси баёноти аъзои боздоштшудаи ин гурӯҳ, рӯзи 20 октябри ҳамон сол дар як амбор дар минтақаи “Проспект Мира”-и шаҳри Маскав 10 нафар ва рӯзи 7 декабр, дар марҳалаи дувуми ин амалиёт дар гӯшаҳои мухталифи пойтахти Русия боз 12 тани дигар дастгир шуданд. Мақомот ҳангоми боздошт аз ин афрод миқдори зиёди адабиёти ифротӣ ва дар панҷаҳои дасти дуи онҳо изи маводи мунфаҷира пайдо карда, онҳоро ба ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ аз соли 2008 дар Тоҷикистону Русия манъ шудааст, айбдор кард. Яке аз боздоштшудаҳо бо номи Акбарҷон Отабоев шаҳодат дод, ки раҳбарони аслиишӯъбаҳои ин ҳизби пинҳонкор дар Маскаву вилояти Маскав Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода буда, қасди бомбгузорӣ дар яке аз пулҳои роҳи оҳан дар шаҳри Маскавро дар сар доранд.

Дар ниҳоят, додгоҳ Отабоев ва Отаҷонзодаро бо ҷурми нигоҳ доштани маводи мунфаҷира ба дувуним соли зиндон ва Акмал Ғафуровро ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Аммо чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башари Русия ин қазияро зери шубҳа қарор дода гуфтаанд, мақомот сароҳатан собит карда натавонистанд, ки оё дар воқеъ дар Маскаву вилояти Маскав шӯъбаи ҳизби Таҳрир амал мекард ваё инбофтаи навбатии хиёли онҳо ба хотири бузург нишондани “комёбӣ”-ҳояшон дар мубориза алайҳи ифротгароӣ буд?

Чор шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 2012 бо айни иттиҳоми узвият дар ҳизби Таҳрир дар вилояти Нижний Новгороди Русия дастгир шуданд. Дар оғоз маъмурони милиса тақрибан 10 шаҳрванди тоҷикро боздошт карданд, вале дар ниҳоят аксари онҳоро ба маҳзи набудани далели кофӣ раҳо карда, танҳо алайҳи чор нафар парванда боз карданд.Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти боздошт аз манзилҳои онҳо маводи мунфаҷира ва теъдоди бузурги адабиёт ва наворҳои мамнӯъи мазҳабӣ ёфт шудааст. Аммо додгоҳи маҳаллӣ ибтидо дархости ҳабси ин чоргонаро радд кард ва онҳо то моҳи январи соли равон ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор доштанд. Додгоҳи Нижний Новгород танҳо дар моҳи январ, дар пайи муроҷиати дувуми додситонӣ, ин 4 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабс гирифт.

Ва рӯзи 8 сентябр дар Маскав як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон бо гумони узвият дар гурӯҳи тундрави мазҳабии “Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод”боздошт шуд. Бино ба гузориши пулиси Маскав, ҳангоми боздошт аз ин гумонбар “ 5 тири калибраш 9 мм, граната(норинҷак)-и ҷангии РГД-5, ҳамчунин 14,2 грамм маводи мухаддире, ки дар таркибаш ҳероин низ дошт, мусодира карда,” алайҳи ӯ бо иттиҳоми гардиши ғайри қонунии силоҳ ва маводи мухаддир, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

“Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод” яке аз гурӯҳҳои ътундрави мазҳабии марбут ба шабакаи террористии Ал-Қоида ном бурда мешавад, ки Амрико ҳанӯз моҳи октябри соли 2004 ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомилаш кардааст. Номи ин гурӯҳ, ки ҷангии урдунитабор Абӯмӯсаби Зарқавӣ таъсис додааст, баъди анҷоми чандин ҳамлаҳо алайҳи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ дар забонҳо уфтод. Ин гурӯҳ бо шеваҳои бераҳмонаи мубориза, аз ҷумла гаравгонгирии атбоъи хориҷӣ ва буридани калаи гаравгонҳо, маъруф аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, сояи ҳар шаҳрванди тоҷике, ки дар Русия бо ягон ҷиноят, аз ҷумла бо гумони узвият дар созмонҳои тундрав, дастгир мешавад, рӯи бақия муҳоҷирони тоҷик соя меандозад. Ин қазияҳо, ба гуфтаи онҳо, боис мешавад, ки мақомот ва мардуми Русия дар шахси умҳоҷирони дигар аз Тоҷикистон ҷинояткор ё ифротгарои мазҳабӣ ва ҳатто “террорист”-ро бубинанд.
XS
SM
MD
LG