Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ аз андози шиносномаҳои биометрӣ озод шуд


Порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 5-уми декабр дар пайи ворид кардани тағйирот ба буҷаи соли 2013, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро барои ворид кардани бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ барои соли 2013 аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофӣ озод кард.

Тавре аз Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар рӯзи 5-уми декабр хабар доданд, қарор аст 700 ҳазор бланкаи шиносномаи биометрӣ ба Тоҷикистон ворид карда шавад, ки ҳамакнун 50 ҳазори он оварда шудааст. Ин кор дар ҳамкорӣ бо як ширкати олмонӣ анҷом мешавад. Ҳоло нархи як бланкаи шиносномаи биометрӣ 75 доллар арзиш дорад ва гуфта мешавад, дар оянд 50 дар сад арзон хоҳад шуд.

Маҷлиси Намояндагон, палати поёнии порлумон, ҳамчунин дар пайи ворид кардани тағйирот ба кодекси андоз, ширкати "Мурғи Ҳилол" -ро, ки ба тавлиди тухми мурғ машғул аст, бо дастури раиси ҷумҳур аз пардохти ҳама гуна андоз барои 12 соли оянда озод кард.
XS
SM
MD
LG