Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

П.Флор аз Душанбе хост, тавсияҳои ИА-ро ба назар бигирад


Намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо бори дигар аз Тоҷикистон даъват кард, ки тавсияҳои онро дар масъалаи баргузории интихоботи шаффоф ва одилона амалӣ намояд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, ин мавзӯъ рӯзи 12-уми декабр дар мулоқоти фиристодаи вижаи ин ниҳод барои Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов садо додааст. Ин нахустин сафари намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури Осиёи Миёна ба Тоҷикистон пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 6-уми ноябр мебошад.

Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ба дунболи интихоботи президентии Тоҷикистон аз шеваи баргузории он интиқод карда, гуфта буд, ки ин маърака тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифт. Сухангӯи Кетрин Эштон, намояндаи олӣ ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА дар як баёнияи катбӣ гуфта буд, ин созмон бо хулосаҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) мувофиқ аст, ки гуфтаанд, интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр Тоҷикистон ҳамроҳ бо қонуншиканиҳо гузашт.

Дар ин баёния гуфта мешуд, ИА батакрор Тоҷикистонро ба баргузории интихоботҳои озод, демократӣ, фарогир ва шаффоф даъват карда, ба аҳамияти озодии матбуот ва озодии баён таъкид мекард. Аммо «намояндаи олӣ изҳори таассуф карда буд, ки тавсияҳои қаблии дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА, ки баъд аз интихоботи парлумонии соли 2010 пешниҳод шуданд, аз тарафи мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон иҷро нагардидаанд ва ӯ боз ба иҷрои комили ин тавсияҳоро даъват менамояд.»

Ба гуфтаи манбаъ дар намояндагии дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, дар мулоқоти рӯзи 12-уми декабр миёни хонум Патрисия Флор бо Сироҷиддин Аслов, ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба, аз ҷумла риояи ҳуқуқи башар ва волоияти қонун, танзими захираҳои обӣ ва зистмуҳитӣ низ баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ислоҳоти низоми адлия дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Вазъият дар минтақаи Осиёи Миёна низ аз мавзӯъҳои дигари мавриди баҳс дар ин мулоқот будааст. Бар пояи ин хабарнома, Патрисия Флор масоили амниятӣ, ба шумули таҳаввулоти Афғонистон, ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар мубориза алайҳи таҳдидҳои фаромиллӣ ва маводи мухаддирро ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон матраҳ кардааст.

Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо ба зарурати ислоҳот дар бахши энержӣ низ таъкид карда ва пуштибонии ин ниҳодро дар ин росто таъкид кардааст. Дар давоми иқомати худ дар Тоҷикистон, хонум Флор аз ду тарҳи обрасонӣ, ки ҳадафи он расонидани оби тоза ба сокинон мебошад, аз шаҳраки Сомониён ва Турсунзода дидан кардааст.
XS
SM
MD
LG