Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 намояндаи Маҷлис бар зидди Занҷонӣ нома навиштаанд


Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ
12 нафар намояндагони Маҷлиси Эрон ба ниҳодҳои интизомии ин кишвар нома навиштаанд ва хостаанд, ки бар зидди Бобаки Занҷонӣ-тоҷир ва сармоядори эронӣ парванда боз шавад. Соли ҷорӣ дастрасӣ ба дороиҳои Бобаки Занҷонӣ дар кишварҳои ғарбӣ дар чаҳорчӯбаи таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эрон масдуд шуда буд.

Ба дунболи он ширкатҳои муштараки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла «Kont group Tajikistan” ва «Asian Express Airline» эътироф карданд, ки ин таҳримҳо ба фаъолияти онҳо низ бетаъсир набудааст.

Масалан, «Asian Express Airline» гуфт, ки наметавонад ҳавопаймоҳои ҷадиди «Эйрбас»-ро вориди Тоҷикистон кунад ва парвозҳои байнулмилалиро анҷом диҳад. Бонки Миллии Тоҷикистон «Kont Investment bank»-ро ҳамчунин аз боз кардани филиал ё шӯъба маҳрум кард ва аз бонкҳои дигар хост, ки бо ин бонк ҳамкорӣ накунанд.

Ҳоло ин ширкатҳо умедворанд, ки бо ҳал шудани мушкилоти барномаҳои ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, таҳримҳои зидди Эрон коҳиш хоҳад ёфт ва дороиҳои Занҷонӣ дар Ғарб низ аз таҳримҳо берун хоҳанд омад.
XS
SM
MD
LG