Алма Шалабаева-хонуми раиси пешини бонки БТА-и Қазоқистон Мухтор Аблязов рӯзи ҷумъа бо духтараш вориди Италия шуданд. Италия онҳоро 7 моҳ пеш хориҷ карда буд ва акнун чунин тасмимро иштибоҳ медонад.
Алма Шалабаева бо духтари 6 солааш баъд аз вуруд ба Рим-пойтахти Италия бо Эмма Бонино-вазири корҳои хориҷаи Италияи мулоқот карданд. Бонино ба онҳо кӯмак кард, то ба Италияи баргарданд. Ин кӯмак дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳукумати Қазоқистон ба онҳо дастур дод, ки аз кишвар хориҷ нашаванд ва гашту гузори онҳо дар кишвар маҳдуд карда шавад.
Шалабаева ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳоло тасмим нагирифтааст, ки дар Италия хоҳад монд ва умед дорад, ки ба шавҳараш бипайвандад. Ҳоло Мухтор Аблязов дар Фаронса дар боздошт ба сар мебарад ва истирдоди вайро Русияву Украина ва Қазоқистон тақозо кардаанд.