Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлӯҳои нави боздошти Бобаки Занҷонӣ


Торнамои шабакаи телевизионии «Ал-арабия» дар матлабе, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр намуд, ба паҳлӯҳои дигари боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ пардохтааст.

Ба навиштаи "Ал-арабия", бо гузашти чанд рӯз аз дастгирии Бобаки Занҷонӣ, ки гуфта мешавад саркардаи шабакаи дур кардани таҳримҳо алайҳи Эрон дар Туркия аст, ҳанӯз паҳлӯҳои ин дастгирӣ ва сабабҳои бозпурсӣ шудани ӯ мушаххас нест.

Ба вижа ин, ки расонаҳои давлатии Эрон ба тарзи густурдае ба парвандаи Занҷонӣ ва дастгирии ӯ пардохтаанд, аммо расонаҳои наздик ба Сипоҳи посдорон то кунун дар баробари ин парванда хомӯширо ихтиёр кардаанд. Аз ин рӯ ин манбаъ ин эҳтимолро матраҳ мекунад, ки дастгирии Бобаки Занҷонӣ иқдоме аз сӯи ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ барои эътимодсозӣ бо Ғарб дар парвандаи ҳастаӣ бошад.

Аз Бобаки Занҷонӣ ба унвони яке аз муҳимтарин унсурҳои дур кардани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ёд мешавад, ки робитаи танготанге бо Сипоҳи посдорон дорад. То кунун ниҳоде, ки дар Эрон Занҷониро боздошт кардаааст, мушаххас нест, аммо ба назар мерасад, ки вазорати иттилоот ва ё амнияти он кишвар бо ҳамкории додситонии Теҳрон пас аз судури дастури Ҳасани Рӯҳонӣ, барои бархӯрд бо "вижахӯрон" ё фасодкорони иқтисодӣ, иқдом ба боздошти вай карда бошад.

ОШКОР ШУДАНИ ШАБАКАИ ЗАНҶОНӢ ДАР ТУРКИЯ

Ин ки чӣ шуд шабакаи дур кардани таҳримҳо, ки Бобаки Занҷонӣ онро идора мекард, ба даст афтод ва бисёре аз аъзои ин шабака дар Туркия боздошт шуданд, мушаххас нест. Аммо сайти «Дигарбон» ба нақл аз Муҳсин Миршамсӣ, хабарнигори хабаргузории «Тасним» -- наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон нақл карда, ки дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, шабакаи зидди таҳрими Эрон дар Туркия аз дохили Эрон ошкор шуд.

Миршамсӣ ҳеҷ ишорае ба номи ҷараён ё афроде, ки ба гуфтаи вай дар Эрон ин шабакаро "фурӯхт", накардааст. Ба навиштаи «Дигарбон», маҳофили Сипоҳи посдорон бовар доранд, ки бозҷӯии шабакаи «зидди таҳрим» -и Ҷумҳурии исломӣ дар Туркия, иқдоме аз сӯи давлати Рӯҳонӣ барои эътимодсозӣ дар парвандаи ҳастаӣ будааст. Моҳи гузашта Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба тавофуқномаи ҳастаӣ дар ҷараёни музокироти Женева даст ёфтанд. Бар пояи ин тавофуқнома, Теҳрон бахше аз фаъолиятҳои ҳастаии худро бекор мекунад ва дар муқобил, бахше аз таҳримҳои Эрон коҳиш меёбад.

Гуфта мешавад, бархе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорон аз ин иқдоми давлати Рӯҳонӣ ба шиддат хашмгин ҳастанд ва ҳамлаҳо ва таҳдидҳои ду ҳафтаи гузаштаи онҳо алайҳи давлат ба ин масъала рабт дорад. Пештар дар гузоришҳо омада буд, ки Сипоҳи посдорон яке аз истифодабарандагони бузург аз таҳримҳои Эрон аст. Акнун ба назар мерасад, боздошти Бобаки Занҷонӣ қадами нахустини давлати Ҳасани Рӯҳонӣ барои бархӯрд бо гурӯҳи дигаре аз фаъолони иқтисодии вобаста ба Сипоҳи посдорон ва дигар ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотӣ бошад.

ИРТИБОТИ БОБАКИ ЗАНҶОНӢ БО МАҚОМОТИ АМНИЯТӢ

Сайти «Интихоб», ки чанд соат қабл аз боздошти Занҷонӣ аз эҳтимоли дастгирии вай хабар дода буд, рӯзи чаҳоршанбеи якуми январ ҷузъиёти тозае аз парвандаи вай мунташир кардааст. Ин сайт навиштааст, Занҷонӣ дар соли 2009 пас аз ошноӣ бо Ҳусайн Раият, бо Исфандиёр Раҳим Машшоӣ, наздиктарин фард ба Маҳмуди Аҳмадинажод—раиси ҷумҳури пешини Эрон тамос гирифта ва аз пӯшиши амниятии як ниҳоди хос барои фаъолиятҳои иқтисодии худ истифода мекардааст. Ин хабаргузорӣ афзудааст, ки «Бобак Занҷонӣ, ки аз Раият ва Ҳиравӣ барои иртиботи маҳофили худсар истифода мекард, маблағҳои сангин ба афроди мухталиф пардохта ва аз ин тариқ ба системаи назоратӣ нуфуз мекунад.»

Аз Ҳусайни Раият ё Ҳусайн Миркозимӣ шарики Занҷонӣ ба унвони яке аз «вижахӯрони иқтисодӣ» ва яке аз раҳбарони афроди мусаллаҳ бо либоси шахсӣ дар Эрон ном бурда мешавад. Аз Раият дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2009 аксҳое мунташир шуда буд, ки дар он сол бозтоби фаровоне дар расонаҳои хориҷӣ дошт. Номи Ҳусайни Раъият акнун пас аз боздошти Бобаки Занҷонӣ бори дигар сари забонҳо афтодааст.

ЗАНҶОНӢ ВА ТОҶИКИСТОН

Бобаки Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, рӯзи 30 декабр аз сӯи мақомоти амниятии Эрон бо гумони даст доштан дар сирқати 2 миллиард евро пули фурӯши нафти Эрон боздошт шуд. Вакилони парлумони Эрон қаблан гуфта буданд, ки Занҷонӣ 2 миллиарду 60 миллион доллари вазорати нафтро пардохт накарда, санади ҷаълиеро нишон додааст, ки гӯё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, пардохт шудани ин пул ба вазорати нафти Эронро тасдиқ мекунад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 30 декабр ироаи чунин санадеро ба Бобаки Занҷонӣ рад кард ва гуфт, гувоҳиномаи бонк зоҳиран сохта аст.

Бобаки Занҷонӣ тайи 10 соли ахир ба яке аз сармоягузорони матраҳ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ӯро аз саҳҳомони аввалини «Конт- групп Тоҷикистон», ҳолдинги гуногунҷанбае меҳисобанд, ки ширкатҳои алоҳида, назири "Asian Express Terminal", «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», "Asian Express Airline" ва «Конт – сохтмон» - ро муттаҳид мекунад.

Asian Express Airline ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати ширкатҳое қарор доранд, ки аз сӯи Амрикову Аврупо таҳрим шудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон аммо мегӯяд, ҳоло соҳибмулки ин бонк як шаҳрванди Туркия аст, на Занҷонӣ.

Бо ин вуҷуд, бино ба маълумони «Конт – групп Тоҷикистон», ин ҳолдинг то сентябри соли 2013 ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузошта, танҳо аз ҳисоби таъмиру таҷдиди терминали марказӣ 24 миллион сомонӣ андозу молиёт пардохт кардааст.
XS
SM
MD
LG