Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон истеъфои Эгамбердиевро талаб карданд


Раҳматулло Эгамбердиев
Раҳматулло Эгамбердиев
Даҳҳо нафар дар назди муфтиёти Қирғизистон дар Бишкек ба эътироз баромаданд ва истеъфои фаврии муфтии ин кишварро тақозо карданд. Тақрибан 60 нафар занон рӯзи душанбе истеъфои Раҳматуллоҳ Ҳоҷӣ Эгамбердиевро ба миён ниҳоданд ва гуфтанд, ки вай марди зинокор аст.

Дар остонаи Соли Нави милодӣ дар интернет навори видеоии робитаи ҷинсии муфтӣ бо як зани ҷавон ба гардиш даромад. Эгамбердиев ин робитаи ҷинсиро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ин хонум зани дуввумаш аст. Аммо қонунҳои Қирғизистон бисёрзаниро иҷоза намедиҳад. Рӯзи душанбе пулис дафтари муфтиётро посбонӣ мекард ва нагзошт, ки занон ба бинои он наздик шаванд.

Эгамбердиев моҳи декабри соли 2012 муфтии Қирғизистон интихоб шуд, бо вуҷуди он ки бар зидди вай даъвоҳои пардохт накардани андоз садо дода буд. Дар давоми 4 соли ахир дар Қирғизистон барои ришвахорӣ 5 муфтӣ аз мақом барканор шудаанд.
XS
SM
MD
LG