Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон, мегӯяд, шиддат гирифтани авзоъ дар марз бо Тоҷикистон метавонад, ба суди қочоқбарони маводи мухаддир бошад. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки мумкин аст, тирандозӣ байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз иғвои кадом як аз гурӯҳҳои муайян бошад, аммо аз ҳеҷ кас ё гурӯҳе ном набурд. Вале гуфт, ки даст доштани қочоқбарон дар шиддат гирифтани авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро истисно намекунад. Рӯзи 11 январ сарҳадбонони тоҷику қирғиз дар ноҳияи Исфара баъди ҷанҷолу даъво бар сари як минтақаи баҳсбарангези сарҳадӣ байни ҳам тирандозӣ карданд, ки дар натиҷа ду афсари тоҷик ва 5 марзбону як маъмури милисаи Қирғизистон захмӣ шуданд.