Бо фармони ректори ин донишгоҳ ва бо мувофити Ҳукумати ҷумҳурӣ ахиран Бахтовар Сафаров номзади илмҳои ҳуқуқ, мувоини ректор оид ба корҳои илмӣ таъин гардид. Ҷавонтарин муовини ректори Донишгоҳи миллӣ соли 1983 таваллуд шудааст. Соли 2000- ум ӯ чун ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ бе имтиҳон ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, соли 2005 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардааст.
Дар сӯҳбате хабарнигори "Озодӣ" ибтидо аз Бахтовар пурсид, дар ҳоле, ки аксарият аз он шикоят мекунанд, ки роҳ ёфтан ба мансабҳои раҳбарӣ дар ҳукумат барои ҷавонони кори осон нест ва дар ин самт барои онҳо монеаҳои зиёде ҳаст ба ӯ чӣ гуна даст дод, ки соҳиби курсии муовини ректор шавад?
Бахтовар Сафаров: Ман аслан фикр намекунам, ки барои ҷавонон роҳ ёфтан ба хизмати давлатӣ, ба соҳаи илм, монеаҳо ё сади роҳи ҷиддие вуҷуд дошта бошад. Аслан аз ҷавонон дар ин самт чӣ талаб карда мешавад? Дониш, илм, таҳсил дар соҳа ва кӯшишу ғайрат. Боқӣ сиёсати дастгирии ҷавонон ман фикр мекунам дар Тоҷикистон дар сатҳи дахлдор аст. Аз раҳбари кишвар сар карда ҳама ба он назаранд, ки бояд ба идораи давлат ҷавонон бештар ҷалб шаванд.
Озодӣ: Аммо дар мисоли худатон, фикр мекунед чаро интихоб сари шумо афтид?
Бахтовар Сафаров: Ба ростӣ фаъолият дар симмати муовини ректор оид ба илм алсан дар гӯшаи хайёлӣ ман набуд. Ҳар инсон дар зиндагӣ нақшаву барномаҳое дорад ва кӯшиш мекунад тибқи он фаъолияти худро ба роҳ монад. Нақшаи аввалиндараҷаи ман, ин дифоъ кардани рисолаи докторӣ ва дарёфти унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ буд. Вақте ҳамчун намояндаи олимони ҷавон интихоб сари ман афтид, бо як фикри амиқ,ин масъулияти бузурги соҳаи илм, бори гарони Донишгоҳи Милии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтам. Фикр мекунам, агар вақтро хубу самаранок истифода кунам, ба он муваффақ мешавам, ки рисолаи докториро сари вақт дар сатҳи зарурӣ, омода ва дифоъ кунам.
Озодӣ: Корро дар ин симмат аз чӣ оғоз кардед ва чӣ нақшаҳо доред дар соҳаи илм?
Бахтовар Сафаров: Кор аллакай оғоз шуд. Беш аз 10 рӯз аст ман дар ин симмат фаъолият дорам. Пеш аз ҳама дар ҳар самте, ки кас корро оғоз мекунад, бояд аввал омӯзад. Бе омӯзиши вазъ, дасту остин бар задан ба коре, фикр мекунам касро метавонад ба нокомӣ дучор кунад. Аз ин рӯ ман ҳоло ҳар як сохтори марбутаи бахши илмро омӯзиш ва таҳлил дорам. Бо кӯмаку машварати ректори мӯҳтарам Имомов ва дигар муовинони ректор ҳоло омӯхта истодааст, ки дар кадом бахш илми мо мелангад ва дар кадомаш муваффақем.
Озодӣ: Ба ҳар ҳол то ҳол шумо чӣ камбудиҳоро дар ин соҳа мушоҳида кардед ва мехоҳед чиро тағйир бидиҳед?
Бахтовар Сафаров: Ба ростӣ дар Тоҷикистон дар бахши омода кардани кадрҳои илмӣ-илмӣ педагогӣ боз ҳам кӯшишҳои бештар кардан лозим аст. Шӯроҳои диссертатсионии Донишгоҳи ииллӣ, чун як донишгоҳи пешбари кишвар бояд фаъолияти худро ҷонноктар кунанд. Аммо дар маҷмӯъ дар кишвар рӯз ба рӯз шароит хуб шуда истодааст.
Озодӣ: Шумо кӣ ба ҳайси омӯзгор ҳам фаъолият доштед, ба сатҳи дониши муҳассилин ва дигар ҳамсолони худ чӣ баҳо медиҳед?
Бахтовар Сафаров: Бале 9 сол таҷрибаи омӯзгорӣ дорам ва агар дониши донишҷӯи имрӯзаро бо соли донишҷӯии худам муқоиса кунам, фарқ аз замин то осмон аст. Чун талабот ба довталабон ҷиддӣ шудааст. Методҳои таълимӣ хубанд. Донишҷӯи имрӯз аз донишҷӯи соли 2000-ум бо сатҳи забондонӣ, назариявӣ, муҷҷаҳаз будан бо донишҳои технологияи муосир фарқ мекунад. Масалан 9-10 соли пеш дастрасӣ ба компютеру интернет орзӯи донишҷӯ буд. Ҳоло донишҷӯён ба дарсҳо хеле бо шавқ омода мешаванду ҳатто бо минифилму слайдшовҳо дар мавзӯҳои дарсӣ ба дарс ҳозир мешаванд. Ва мо ҳоло бояд бештар ба чунин донишҷӯён таваҷҷӯҳ кунему ба онҳо имтиёзҳои бештар фароҳам орем.
Озодӣ: Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба илм ва пажӯҳишҳои илмӣ чӣ гуна аст?
Бахтовар Сафаров: Ҳоло афроде, ки ба унвонҷӯӣ ва илм таваҷҷӯҳ доранд ва дар ин самт талошҳо доранд, зиёд шудаанд. Масалан солҳои 2006-2007 ҷавононе, ки мехостанд ба аспирантура дохил шаванд, ангуштшумор буданд, аммо солҳои ахир дар ҳамаи кафедраҳои факултаи ҳуқуқшиносӣ ҷавонон қариб 3 маротиба бештар аз нақша ҳуҷҷат месупоранд. Албатта имрӯз медонем, ки стипендияи аспирантон ба ассистентҳои донишгоҳ баробар аст ва шароити хубе барояшон фароҳам шудааст.
Озодӣ: То ҷое медонем, бо вуҷуди ин, ки дар солҳои ахир барои дастгирӣ ва ҷалби ҷавонон ба илм кӯмакпулии унвонҷӯён бештар шудаву бо шароитҳои беҳтар таъмин шудаанд, аммо боз ҳам на ҳама то ба охир мераванд, яъне рисолаи илмии худро дифоъ мекунанд. Сабаб чӣ аст?
Бахтовар Сафаров: Дар соли 2013 83 аспирант рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд ва 43 нафар дигар натавонистанд рисолаҳои номзадии худро ҳимоя кунанд. Омӯзиши ахири мо нишон дод, ки дар бештари маврид камбуди шӯроҳои диссертатсионӣ садди роҳӣ дифоъи сари вақтии аспирантҳо шуда истодааст. Медонед, фазои илмии ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои илмии Руссия хеле вобастааст. Ва дар комиссияи олии атестатсионии Руссия баъзе нофаҳмиҳо вобаста ба бозсозии комиссюнҳо буд ва шӯроҳои илмӣ муваққатан аз фаъолият монда буданд. Ҳоло дар Донишгоҳи миллӣ 6 шӯрои диссертатсионӣ бо 10 ихтисос амал карда истодааст ва 4 шӯрои дигар дар ҳоли омодагӣ ба фаъолият аст. Мувофиқи қарор ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳоло барномаи нави шакли нави дараҷаи илми PHD таҳия шуда истодааст ва ман фикр мекунам бо таъсис ёфтани унвони доктори PHD ба мароти шумори ҳимоя ва унвонҷӯён бештар шавад.
Озодӣ: Ба ҳар ҳол онҳое, ки мисли шумо роҳи илмро пеш мегиранд, мегӯянд, барои онҳо муҳим ин аст, ки аз нигоҳи молӣ шароиташон хуб бошад, хонаводаашон таъмин бошад, то фикрашон пурра ба корҳои илмӣ равона шавад. Ба шумо дар ин самт оё хонавода, волидонатон то куҷо кӯмак мекунанд?
Бахтовар Сафаров: Оилаи мо оилаи зиёӣ аст. Падару модарам духтуранд. Аз хурдӣ кӯшиш мекарданд моро дар сатҳи таълими сифатнок роҳбаладӣ кунанд. Вале ман фикр мекунам он дастгириҳое, ки имрӯз аз ҷониби давлат барио ҷалби ҷавонон ба илму унвонҷӯи равона шудааст, метавонад кори аспирантону пажӯҳишгарони соҳаи илмро сабук кунад. Имрӯз мебинед дастрасӣ ба интернет хеле осон аст. Ягон китобхона пулакӣ нест, яъне имкониятҳои фаровон аст барои пеш бурдани корҳои илмӣ.