Аловиддин Қаландаров, як масъули бахши иттилооти фаврӣ дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон рузи панҷшанбеи 6 март зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳудуди 22 комюни борбар, ки шомили таҷҳизот барои Маркази гармидиҳии Душанбе - 2 ё ТЕЦ буданд, шоми дирӯз тариқи гузаргоҳи "Қарамиқ" - "Гулистон" аз марзи Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шуданд."
Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ аз марзи Тоҷикистон ба тарафи Қирғизистон 12 мошини борбар ва сабукрав низ тариқи ин гузаргоҳҳо интиқол ёфтаанд. Ба ин тартиб дар маҷмӯъ ҳудуди 34 мошин марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро убур кардаанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, вуруди комюнҳо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар пайи тавофуқоти ҳосилшуда ҷиҳати воридоти таҷҳизот барои Маркази гармидиҳии Душавнбе - 2 аз Чин ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.
Аммо ҷаноби Қаландаров, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки убури мошинҳо тариқи гузаргоҳи марзии "Қарамиқ" - "Гулистон" дар чорчӯби тавофуқи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои боз кардани марз сурат мегирад?, гуфт, ки "дар ин бора чизе гуфта наметавонам."
Ҳамзамон ин масъули бахши иттилооти фаврӣ дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки "ҳарчанд то кунун марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон баста буд, аммо "комюнҳо ва мошинҳои марбюут ба Эътилофи Байналмилалӣ ё НАТО дар Афғонистон аз тариқи ин марз убур мекарданд."
Дар пайи муноқиша дар таърихи 11 январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, кишвари ҳамсоя ба таври якҷониба марзи худро бо ҷониби Тоҷикистон баст. Аммо дар музокироти ахири ҳайатҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардон ва Тоқон Мамитов, муовинони нахуствазири ду кишвар дар таърихи 3 март, тавофуқ шуд, ки бо ду рӯзи дигар Қирғизистон марзашро бо Тоҷикистон боз мекунам. Аммо бо гузашти се рӯз марз ҳанӯз баста аст.
Сафири Қирғизистон ба Душанбе баргашт
Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Урмат Саралаев, сафири бозхондшудаи Қирғизистон дубора ба фаъолияти дипломатии худ дар Душанбе оғоз кард. Дафтари матуботи сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси қарори ҳосилшуда миёни ҳукуматҳои ду кишвар сафир Урмат Саралаев ба Душанбе баргашт ва расман ба вазифаи худ дубора оғоз кард.
Ҳукумати Қирғизистон сафири худ дар Тоҷикистонро пас аз ҳодисаи муноқишаи мусллаҳона дар Исфара барои машварат боз хонда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ рӯзи 6-уми март бозгашти сафири Қирғизистон Урмат Сараалаевро тасдиқ кард ва афзуд, ки сафир фаъолияти дипломатии худро идома додаисттодааст.
Вазорати хориҷаи Қирғизистон рӯзи 14-уми январ дар сомонааш хабар дод, ки сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Урмат Сараалаевро бозхондаанд. Бино бар ин хабар, Қирғизистон барои рӯшан кардани муноқишаи рӯзи 11-уми январ дар марзи Исфараву Бодканд сафири худро барои машварат даъват кардааст.
Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, ки Сараалаев барои рӯшан кардани баъзе масъалаҳо дар робита ба қазияи рухдода дар марзи Исфараву Бодканд даъват шудааст, «вале ин ба маънои бозхонди ӯ нест.»
Дар нишасти ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳалли танишҳои марзӣ, ки рӯзи 3-юми март дар Душанбе баргузор шуда буд ва бо имзои як протокол ба поён расид, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Сараалаев низ ширкат дошт. Аммо то кунун маълум набуд, ки сафир ба кори худ дубора шурӯъ мекунад ё на.
Қирғизистон баъд аз тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва рустои Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баст. Он муноқиша, ки ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, боиси ҷиддитарин таниш дар равобити ин ду кишвари фақиртарини Осиёи Марказӣ шудааст. Бишкек баъди ин қазия сафирашро аз Душанбе фаро хонд.
Бо гузашти наздики ду моҳ аз муноқиша марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста боқӣ мемонад. Аммо то ҳол гуфта намешавад, ки дубора ба кор оғоз кардани сафир Сараалаев, Қирғизистон барои кӯшоиши марз ОК хоҳад гуфт ё не.