Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи оянда даъвати баҳорӣ оғоз меёбад


Рӯзи 1 апрел даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз хоҳад ёфт. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати баҳорӣ то 31 май давом мекунад. Тибқи қонун, дар ду бъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҳамаи онҳое ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин афроди дигари то 28-сола, ки аз масъулияти даъват ба артиш озод нестанд, вале бо сабабҳое то ҳол даъват нашудаанд, метавонанд барои хизмат ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бо шумули артиш, нирӯҳои марзбонӣ, Горди миллӣ, нирӯҳои дохилӣ, воҳидҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бригадаи посбонии идораи зиндонҳои вазорати адлия даъват шаванд.
Барои таъмини даъвати баҳорӣ таҳти раёсати муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ Кумиссиюни ҷумҳуриявии даъвати наваскарон таъсис ёфтааст. Хушвақт Мироваров, раҳбари ситоди вазорати дифоъ муовини Ҷабборӣ таъин шудааст.
Дар арафаи даъвати баҳорӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз комисариатҳои низомӣ даъват кард, то ба «облава» - шеваи ҷалби базӯрии ҷавонон ба хидмати артиш даст бикашанд. Дар Тоҷикистон тақрибан 600 000 ҷавони синну соли хидматӣ ба сар мебаранд, вале солона танҳо 15 -16 ҳазори онҳо ба артиш даъват мешаванд. Мунтақидон мегӯянд, чунин таносуби бузурги 40:1 манбаи фасоди густарда дар ҷараёни даъватҳои баҳориву тирамоҳӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG