Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Кабирӣ дар робита ба бозори "Саховат"


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 22 апрел бо нашри як изҳорот гуфт, аз қарори додгоҳи Турсунзода шикоят хоҳанд бурд, "то аз моликияти худ ва садҳо соҳибкорон ҳимоят кунанд." Додгоҳи Турсунзода рӯзи 21 апрел бозори "Саховат" дар шаҳри Турсунзодаро, ки ба наздикони Кабирӣ тааллуқ дошт, давлатӣ кард. Дар ин изҳороти Муҳидин Кабирӣ омадааст, ки «додгоҳ далелҳои тарафи мо ва баёноти шоҳидонро умуман ба инобат нагирифт, дар сурате, ки вакилони дифоъи мо ботил будани даъво ва далелҳои пешниҳоднамудаи даъвогарро исбот намуданд.» Кабирӣ дар изҳороти худ се роҳи ҳали ин масъаларо пешниҳод кардааст, ки ба гуфтаи вай дар сурат амалӣ намудани яке аз онҳо метавонад ба нафъи ҳамаи тарафҳо ҳал шавад. Аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтани бозори нави муосир ва кӯчонидани мағозаву дӯконҳои соҳибкорон ба ҷои нав ва пас аз он, сохтани варзишгоҳ дар ҷои аввалааш аз ҳисоби соҳибони бозор, дувум, сохтани варзишгоҳи нав дар ҷойи дигар аз ҳисоби соҳибони бозор ва севум - пардохти иҷораи варзишгоҳҳо аз тарафи соҳибмулкони бозор барои машқи варзишгарони Турсунзода. Кабирӣ гуфтааст, «тарафи содиркунандаи камбуди тибқи даъво, мақомоти давлатӣ мебошанд. Имрӯз даъвогар боз ҳам мақомоти давлатӣ аст ва моликияти шахрвандро боз ҳам ба нафъи мақомоти давлатӣ, яъне, содиркунандаи камбудӣ, меситонад.» Бозори «Саховат» бо 670 дӯкон дар шаҳри Турсунзода, 55-километрии ғарбии пойтахт ҷойгир буда, соҳибмулки он Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG