Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ғарб аз Путин барои боздид аз Қрим


Баъд аз боздиди Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз минтақаи тасарруфшудаи Қрим кишварҳои ғарбӣ низ мисли Киев аз Путин интиқод карданд. Боздиди вай бо Рӯзи Ғалаба бар Олмони нозӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, яъне бо 9 май баробар омад.

Путин дар назди ҳозирини ҷашн аз бозгашти Қрим ба Русия ситоиш кард ва онро барқарории “адолати таърихӣ” номид. Амрико ин боздидро “таҳрикомез” арзёбӣ кард. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, Путин набояд бо истифода аз маросими ҷашни пирузӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ин тасарруфро ба намоиш мегузошт. Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО ин боздидро “ғайримуҷоз” хонд.

Аз сӯи дигар, дар шарқи Украина нируҳои ҳукуматӣ бо ҷудоихоҳон дар шаҳри Мариупол вориди даргирӣ шудаанд ва дар ин даргириҳо 7 нафар кушта, 39 нафар маҷруҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG