Шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира дар гузорише мегӯяд, ки бошандагони деҳаи Ал-Хашаб дар биноҳои хурди гилин ҳаёт ба сар мебаранд ва аз барқ ва оби қобили нӯшидан ҳам бебаҳраанд ва зиндагии худро ба мушкилӣ пеш мебаранд.
Ба чашми бинанда ин деҳа чун иқоматгоҳи муваққатӣ менамояд, аммо ба гуфтаи сокинони он, ки шумораашон ба 100 нафар мерасад, таърихи деҳа ба чиҳил соли пеш бармегардад ва тӯли ин муддат онҳо аз деҳа берун нарафтаанд.
ТАЪРИХЧАИ БЕМОРӢ:
Бошандагони деҳа шикоят мекунанд, ки ин беморӣ баъд аз чанд моҳи таваллуди навзодон оғоз мешавад ва дар пайи он аз нерӯи биноӣ ҳини наҳор оҷиз мешавад. Миёни гирифторон ба ин беморӣ кӯдакон, занон ва пиронсолон низ ҳастанд.
Бемории афрод дар ин деҳа бо пайдо шудани нуқтаи сафед дар ҳар ду чашми шахс оғоз мешавад ва бо мурури замон, сафедие мисли абр чашмони шахсро фаро мегирад ва дар натиҷа шахс қуваи биноии худро рӯзона аз даст дода ва ин нерӯ танҳо шабона барқарор мешавад.
Ин ҳодиса Маҳкал Абдусолими чиҳилсоларо баъд аз гирифтор шудани чаҳор фарзандаш ба ин беморӣ маҷбур кард, то аз бештар фарзанддор шудан даст бикашад. Аз ҳама фарзанди бузурги ӯ 14 сола ва хурдтарини онҳо 2 сола мебошад.
Маҳқал Абдусолим ба Ал-Ҷазира гуфтааст, ки баъд аз таваллуди фарзанди ахираш, ки ду моҳ баъд ба ин беморӣ гирифтор шуд, тасмим гирифт, ки дигар фарзанд ба дунё наоварад. Вай афзуд, ки роҳе ҷуз таваққуф аз таваллуди фарзандон ва розӣ шудан ба қазо ва қадари илоҳӣ надорад: "Ба вижа, пас аз он, ки табибон огоҳам карданд, ки он бемории ирсӣ аст ва ҳеҷ умеде барои муолиҷаи он вуҷуд надорад". Дар ҳоле, ки ҳам ин мард ва ҳамсараш гирифтори ин беморӣ нестанд.
Ҳоло Солеҳ аз дарахти арок уди мисвок ҷамъ мекунад, то барои муолиҷаи фарзандонаш маблағе ба даст биёрад. Бошандагоне, ки дар ин деҳа аз неъмати биноӣ баҳравар ҳастанд, рӯзгори худро аз чорводорӣ ва ҳамчунин ҷамъоварии ҳезум, пеш мебаранд.
ИНТИШОРИ БЕМОРӢ БА МАҲАЛЛАҲОИ ДИГАР
Самир Ҷабалӣ, яке аз бошандагони ин деҳа мегӯяд, бо вуҷуди 20 ҳолати «нобиноии рӯзона», ин беморӣ дар ҳоли ҳозир дар деҳаҳои ҳамсоя низ ба чашм мерасад. Вай ба шабакаи Ал-Ҷазира гуфтааст, ин беморӣ ҳудуди се даҳа қабл пайдо шуд ва дар ибтидо хеле маҳдуд буд ва бо мурури замон дар миёни кӯдакон сироят кард ва шумораи хеле кам аз ин беморӣ наҷот ёфтаанд.
Иддае аз сокинони ноҳияи Лаҳаҷ аз интишори бемории нобиноӣ дар бархе аз манотиқ шикоят доранд. Раиси ҷамъияи нобиноён Фазл Муҳаммад Сабийт ба шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира гуфтааст, ки ба бемории нобиноӣ гирифтор шудан беш аз 700 ҳолатро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол табибон низ ин падидаро бемории ирсӣ медонанд, ки хромосомаҳои шабакаи чашм, ки вазифаи дидани рӯшноӣ дурро доранд, ба беморӣ гирифтор шудаанд. Дар натиҷа чашм ҳини наҳор ба мушкили биноӣ дучор шуда ва дар торикӣ ва ҳини коҳиши қуваи рӯшноӣ, дар соя ва ҷойҳои торик, қодир ба дидан аст.
Дар ҳамин ҳол мушовири бемориҳои чашм ва ҷарроҳӣ дар минтақа Ҳусайн Нуфайлӣ ба Ал-Ҷазира гуфтааст, ки ӯ аз ин деҳот дидан намуда ва 11 ҳолати гирифторӣ ба ин бемориро муоина намуда ва шабоҳатҳо дар беморонро муайян кардааст.
Ба гуфтаи вай, натиҷаи муоина собит кардааст, ки ин афрод аз заъфи шадиди биноӣ ранҷ мебаранд. Вай гуфтааст, ин навъи беморӣ ирсӣ буда ва аз як шахс ба шахси дигар интиқол меёбад. Вай дар ин росто ишора ба чаҳор бародар аз як хонавода кардааст, ки ҳама ба ин беморӣ гирифтор мебошанд.
Вай гуфтааст, ки то кунун барои ин гуна бемориҳои ирсӣ илоҷи ниҳоӣ пайдо нашудааст. Ва танҳо коре, ки метавонанд бикунанд, фароҳам кардани айнакҳои обтобии вижа ба беморон аст, ки аз дохил шудани рӯшноӣ мамоният мекунад ва ба онҳо имконият медиҳад, ки дар рӯшноии наҳор қодир ба дидан бошанд.