Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сол ҳукми як тоҷик бо ҷурми таҷовуз ба номуси ду духтар


Як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар Маскав бо ҷурми ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус маҳкум ба 15 соли зиндон шудааст. Додгоҳи ноҳияи Никулинои пойтахти Русия Мансур Шакаровро дар 2 мавриди ҳамлаву ғорат ва таҷовуз ба номус муҷрим шинохт. Ба гуфтаи додгоҳ, рӯзи 5 ноябри соли 2012 Мансур Шакаров ва як шарикаш, ки таҳқиқи парвандааш ба сурати алоҳида ҳанӯз идома дорад, дар хиёбони Мичурини пойтахти Русия ба як духтари 14-солаи барояшон ношинос ҳамла оварда, телефони мобил ва як сумка бо молҳои марбут ба модари ӯро ба яғмо мебаранд. Додгоҳ мегӯяд, ғоратгарон бар илова духтари ноболиғро латтукӯб ва ба номусаш таҷовуз мекунанд. Шаби 26 апрели соли 2013 онҳо бо айни шева дар шаҳраки Московский ба як духтари 18-сола дар роҳи бозгашташ ба хона ҳамла кардаанд. Додгоҳ Мансур Шакаровро тибқи моддаҳои 161 (ғоратгарии гурӯҳӣ), 131 (таҷоввузи гурӯҳӣ ба номуси ноболиғ) ва 132 (рафтори дигари шаҳвонӣ бо истифода аз зӯр алайҳи ноболиғ) айбдор донист ва барои 15 сол ба маҳбси низомаш шадид равон кард.
XS
SM
MD
LG