Баъд аз ҳодисаҳои 21 майи Хоруғ Қирғизистон амнияти марз бо Тоҷикистонро тақвият додааст. Раҳимбердӣ Дуишонбиев 22 май ба хабарнигорон гуфт, ки ду посгоҳи муҳими марзӣ дар марз бо Тоҷикистонро тақвият бахшидаанд.
Дуишонбиев ҳамчунин гуфт, ки марзбонони Қирғизистон бо марзбонони вилояти Шинҷони Чин тамоси доимӣ доранд.
Бино ба гузоришҳои расида аз Чин, ҳамлакунандагон ду мошинро дар бозор ба сӯи одамон ронда, ҳамзамон дар ҳоли ҳаракат маводи тарканда партофтаанд, ки дастикам 31 нафар кушта, 90 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ин ҳамла дар шаҳри Урумчӣ сурат гирифтааст. Ин шаҳр маркази вилояти Шинҷони Чин аст ва дар он аксаран мусулмонон зиндагӣ мекунанд. Дар эъломияе, ки субҳи 22 май пахш шуд, мақомоти раҳбарии Шинҷон ин ҳамларо “ҳодисаи ҷиддии террористӣ” арзёбӣ карданд.