Вазорати хориҷаи Амрико хабар дод, ки ёвари вазири хориҷа дар умури Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Ниша Десайӣ Бисвал рӯзҳои 1-3 июн аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон боздид мекунад. Ниша Бисвал, ки шоми 1 июн вориди Душанбе мешавад, тайи ин сафар ҳайати Амрикоро дар даври сеюми машваратҳои солонаи дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико раҳбарӣ хоҳад кард. Ҳамчунин қарор аст, ки ӯ бо мақомоти аршаду раҳбарони сиёсӣ ва намояндагони ҷомиаи шаҳрвандиву созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон мулоқот кунад. Ба дунболи Тоҷикистон, Ниша Бисвал рӯзҳои 4-6 июн аз Чин ва рӯзҳои 6-9 июн аз Ҳинд дидан хоҳад кард. Волидони Ниша Десайӣ Бисвал аз Ҳинд буда, ин дипломати феълан 46-сола 19 июли соли 2013 ба ҷои Роберт Блейк муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъин шуд.