Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов бо ппахши як муроҷиатнома аз аз кишварҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ хостааст, то ба қазияи муваккили ӯ, ки инвалиди гурӯҳи дуюм аст ва вазъи саломатиаш дар зиндон вахимтар шудааст, таваҷҷӯҳ кунанд. Шӯҳрат Қудратов дар муроҷиатномааш, ки рӯзи 15 июл нашр шуд, парвандаҳои Зайд Саидовро “сирф сиёсӣ” ва намунаи барҷастаи интиқомҷӯии мақомот аз нафаре, ки ба сохтани ҳизби сиёсӣ азм карда буд, ба қалам додааст. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди талошҳои зиёд мақомоти Тоҷикистон натавонистанд Саидовро бадном кунанд ва ӯ дар чашми бисёриҳо ҳамчунон бегуноҳ ва қурбонии таъқиботи сиёсӣ боқӣ мондааст. Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва соҳибкори муваффақ, моҳи майи соли 2013 боздошт ва моҳи декабр бо ҷароими сангине, чун сӯиистифода аз мансаб, ришвахорӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.