Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия 16 июл рӯзи мотам эълон шудааст


16 июл дар Русия ба сабаби ҳалокати 23 нафар дар ҳодисаи як рӯз пеши метрои Маскав мотам эълон шудааст. Парчамҳои миллии ин кишвар ба ҳолати нимаафрошта дароварда шудааст ва баргузории маросимҳои саргармкунанда мамнуъ аст.

Дар ҳамаи калисоҳои кишвар маросимҳои дуову ниёиш ҷараён дорад. 16 шифохона барои афроди маҷруҳ марказҳои гирифтани хун боз кардаанд.

Дар таърихи 79 солаи метрои Маскав бори аввл чунин ҳодисаи мудҳишу маргбор рух додааст. 129 нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Ҷароҳати аксари онҳо ҷиддист. Бино ба гузоришҳо 6 нафари кушташудагон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, яъне 2 тоҷик, 2 чиноӣ, як қирғиз ва як молдован мебошанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав номи ду тоҷики кушташударо нашр кардааст. Онҳо Ҳаитов Бӯрӣ Абдуҷалилович, санаи таваллудаш 21 декабри соли 1989 ва Мавлонов Бахтиёр Қурбонович, санаи таваллудаш 17 октябри соли 1989 будааст.

Дар ҳоле, ки қатори зерзаминӣ бо суръати 70 километр дар соат ҳаракат мекард, 3 вагон дар байни истгоҳҳои Славянский Булвар ва Парк Победы аз хат берун шудааст. Ин ҳодиса субҳи 15 июл рух дод ва расидагӣ ба он идома дорад.

XS
SM
MD
LG