Оё Эмомалӣ Раҳмон ин тобистон истироҳат кард? Ба ин суол сухангӯи президенти Тоҷикистон посухи кӯтоҳ дод: «Истироҳати президентро ман тӯли 7 - 8 соли охир дар хотир надорам.»
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, соли аввали кораш дар ин симматро бидуни истироҳат сипарӣ мекунад. Ба гуфтаи Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ, сафару чорабиниҳои зиёд вазирро ҳамеша машғул медорад ва ҳатто монеи зиёрати маъракаҳои наздиконаш ҳам мешавад:
«Аз рӯзе, ки ҷаноби вазир ба кор сар кардаанд, шахсан ман истироҳаташонро надидаам. Сафар ҳам, ки мекунанд, ба хотири кор аст. Ҳатто рӯзҳои шанбеву якшанбе ҳам дар коранд. Масалан, шанбеи гузашта ҷаласаи омодагӣ ба нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро баргузор карданд. Он рӯз як наздикашон, ки маърака дошт, рафта натавонистанд.»
Зимнан, дар ниҳодҳои қудратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки ҳар раҳбар дар доираи салоҳиятҳои худ ин тобистон банд будааст. Раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ – вазирони дифоъ ва корҳои дохилӣ Шералӣ Мирзо ва Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сайидмуъмин Ятимов, раисони агентиҳои мубориза бо коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Абдуфаттоҳи Ғоиб ва Рустам Назарзода дар ин тобистони гармтарини солҳои ахир дар утоқҳои кории худ «истироҳат» кардаанд. Онҳо ҳамагӣ узви Ситоди таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, ки баргузории нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ҷашни истиқлолият ва 20-солагии Қонуни асосии Тоҷикистонро низ ба зимма доранд.
Раҳбарони ниҳодҳои иқтисодӣ – вазирони рушди иқтисоду савдо Шариф Раҳимзода, энерживу об – Усмоналӣ Усмонзода, молия – Абдусалом Қурбонзода, сарвари Хадамоти зиддиинҳисорӣ - Абдусамад Раҷабзода ва ҳатто раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов низ ин тобистон ба истироҳат нарасиданд, зеро шурӯъ аз моҳи май як гурӯҳи кории иборат аз намояндагони ин идораҳо ба манзури омода кардани барномаи ҷилавгирӣ аз паёмадҳои буҳрони эҳтимолӣ пас аз эълони таҳримҳо алайҳи Русия ба Тоҷикистон машғул аст.
Як манбаъ дар ин ниҳодҳо гуфт, рӯзҳои ахир як гурӯҳи дигари ниҳодҳои иқтисодӣ ба хотири ҳалли буҳрони интиқоли маводи нафтӣ аз Русия ба маслиҳат нишастааст. Нафаре, ки фаъолияти ин ниҳодҳоро танзим мекунад, нахуствазир Қоҳир Расулзода низ аз истироҳат маҳрум мондааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ҳам бар иловаи чорабиниҳои фавқуззикр ба 90 – солагии пойтахт омодагӣ мебинад.
Ҳамин шабу рӯз аъзои парлумони Тоҷикистон аз таътили тобистона баргаштанд, вале маълум мешавад, ки аксари онҳо ҳам моҳҳои гармро дар Тоҷикистон сипарӣ кардаанд. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон гуфт, ба як осоишгоҳ дар Шаҳристон рафтааст:
«Берун нарафтам, зеро хоҳиш ҳам надорам. Рости гап, барои истироҳат кардан фақат хоҳиш ҳалкунанда нест, шароити дигар ҳам ба инобат гирифта мешавад. Аммо ман чунин дарк кардам, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳам шароити хуб барои истироҳат ба монанди хориҷа пайдо шудаанд. Ҳар кас ҳар хел мефаҳмад. Шахсан ман истироҳат дар табиатро аз ҳама истироҳатҳо боло медонам».
Исмоил Талбаков, узви парлумон ва муовини раиси ҲКТ низ мегӯяд, 25 дарсади имтиёзаш дар иттифоқҳои касабаро истифода карда, ба як осоишгоҳи ватанӣ рафтааст ва дигар вақти таътили 45-рӯзаашро сарфи корҳои ҳизбӣ кардааст: «Ин давраро мо барои омода кардани ташкилоти ҳизбӣ аз поён ба боло ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон дар соли оянда истифода кардем. Ҳадаф саводнок кардани онҳо дар масъалаи баргузории интихоботи парлумонӣ буд. Чанд чорабинӣ бо вакилони Шӯрои Федератсияи Русия доштем. Чанд чорабинӣ ба ин давра рост омад ва мо аз пайи кор будем».
Ба қавли Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар ин давра тавонист аз Бруссел дидан кунад. Ба гуфтаи Талбаков, ҷаноби Шабдолов ӯ меҳмони як ҳамоиши бузурги аҳзоби коммунистии ҷаҳон буд ва ҳангоми бозгашт дар Маскав назди фарзандону набераҳояш монд.
Муҳиддин Кабирӣ, узви парлумон ва раҳбари ҲНИТ, ба гуфтаи сухангӯи ин ҳизб, ҳоло ҳам берун аз кишвар қарор дорад. Дар ҳизб нагуфтанд, ки оё Кабирӣ дар куҷо таътил кардаанд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар рӯзҳои гарми тобистон Кабирӣ ҳаҷи умра ё Хонаи Худоро зиёрат кардааст. Пас аз бозгашт, дубора бо як сафари корӣ ба хориҷа сафар кардааст. Бояд гуфт, ҳамкорони Кабирӣ дар парлумон, ки аксаран аз аъзои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ иборат аст, ба сафарҳои ба гуфтаашон зиёди хориҷии раиси Ҳизби наҳзат таваҷҷӯҳ кардаанд. Ҳатто як дафъа оморе нашр шуд, ки гӯё Кабирӣ соли гузашта 34 бор ба хориҷ сафар намуда, 140 рӯз берун аз кишвар қарор доштааст.
Худи Муҳиддин Кабирӣ дар як посухи катбӣ ба Радиои «Озодӣ» гуфт, бо сабаби рост омадани истироҳати имсола бо моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои муайяншуда ба истироҳат нарафтааст ва дар ҳамоҳангӣ бо роҳбарияти парлумон муҳлати истироҳату табобати худро ба моҳи август гузаронда, охирҳои август ба ватан бармегардам.