Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи андоз "Мегафон"-ро сахт қарздор кард (ВИДЕО)


Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати "ТТ Мобайл"-ро 94 миллион сомонӣ қарздор кардааст.

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе рӯзи 20 август баррасии шикояти ширкати маъруфи мобилӣ – «Мегафон - Тоҷикистон» аз Кумитаи андозро шурӯъ мекунад. Кумитаи андози Тоҷикистон зерширкати «Мегафон» - и Русияро аз ҳисоби андоз ва ҷаримаҳои андоз 94 миллион сомонӣ, муодили 17 миллион доллар қарздор кардааст.

Масъулини Кумитаи андоз ва «Мегафон-Тоҷикистон» ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тафсилоташро дар додгоҳ ироа хоҳанд кард ва то мурофиа аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунанд. Як манбаъ дар Кумитаи андози Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, танҳо гуфт, қарзи андози «Мегафон» дар натиҷаи тафтиши такрорӣ ошкор шудааст. Бино ба ин манбаъ, «Мегафон - Тоҷикистон» (ТТ – мобайл) як теъдод андозҳоро напардохта, қисмеро ҳам пинҳон кардааст ва бо иловаи ҷаримаҳо 94 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз қарздор шудааст.

«Мегафон» дуввумин ширкати мобилии Тоҷикистон аст, ки аз қарори Кумитаи андоз ба додгоҳ шикоят мебарад. Қаблан «Вавилон – М» аз қарори кумита ба додгоҳ ва аз корманди ин ниҳод ба Додситонии кул муроҷиат карда буд. Ин ширкат низ қарзу ҷаримаҳои Кумитаи андозро, ки 344 миллион сомонӣ, ҳудуди 68 миллион доллар ҳисоб шудаанд, қабул надорад. Кумитаи андоз «ТТ – мобайл» - ро дар қатори шашгонаи «Беҳтарин андозсупорандагони соли 2013» эълон карда буд. Аммо ҳоло Кумитаи андоз Tcell, беҳтарин андозсупорандаи солҳои 2011 – 2012, Beeline, «TK – Mobile» ва дигар ширкатҳои мобилиро низ аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз қарздор кардааст. Ғафур Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, ширкатҳои мобилӣ аз вазъи феълӣ таърифи дурусте надоранд, зеро на фақат онҳо, балки ширкатҳои бузурги фаъол дар соҳаҳои дигар низ ба ин гирдоб афтодаанд:

«Чӣ шудааст? Аввал эълон мекунанд, ки инҳо беҳтарин андозсупорандагони Тоҷикистон ҳастанд, баъд ин гапҳо мешаванд, ки онҳо пинҳонкорӣ мекунанд, андозро намесупоранд. Ин тавр наметавонад бошад. Чӣ тавр ба санаи гузашта мавод тартиб медиҳанд? Он замон худи Кумита, куратори соҳа ба куҷо менигаристанд? Тафтишҳои онҳо чӣ шуданд? Ҳисоботҳо буданд, ки пеши буҷа баста шудаанд. Хулоса, фаҳмидани ин хеле мураккаб аст.»

Бино ба иттилои Кумитаи андоз, на фақат ширкатҳои мобилӣ, балки ҳудуди 80 андозсупорандаи бузурги дигар, ба шумули корхонаҳои давлатӣ ҳоло аз ин ниҳод қарздор шудаанд. Дар миёни ширкатҳои бузург «Газпромзарубежнефтегаз», «Тетис - Петролиум», «Созидание» ва чанд ширкати чинӣ ҳам дохил мешаванд.

Мушкили ширкатҳои бузург бо Кумитаи андоз пас аз вориди амал шудани Кодекси нави андоз оғоз шуд. Ширкатҳо мегӯянд, Кумита бо истифода аз ин қонун, ки соли 2013 ба амал даромад, муомилаҳои молии онҳоро дар панҷ соли пеш баҳогузорӣ мекунад, ҳол он ки он замон чунин қонун набуд, агар мебуд, ширкатҳо онро нақз намекарданд. Аммо дар мисоли мурофиаи ширкати «Созидание» дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ин нукта низ рӯшан мешавад, ки Кумитаи андоз низ далоили худро дорад ва мавқеашро асоснок карда метавонад.

Бино ба иттилои Кумитаи андоз, ширкату корхона ва соҳибкорони Тоҷикистон 636 миллион сомонӣ аз бақияи андозу пардохтҳо ва ҳудуди 670 миллион сомонӣ аз “бақияпулии андоз” қарздоранд. Аммо ин далел ҳам наметавонад пӯшида нигоҳ дошта шавад, ки чаро якбора Кумитаи андоз як маъракаи тафтишҳои саросариро барпо карда, миллионҳо сомонӣ қарзу пинҳонкориҳои андозро ошкор кунад? Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров пушти ин ҳама нигарониҳои ҳукумат аз пеш омадани камбуди маблағ дар буҷаро мебинад. Вай мегӯяд, буҷа зиёд аст, андоз кам:

«Вазъи молиявии буҷа хеле хароб аст. Андозҳо ҷамъ намешаванд. Нақшаи буҷа иҷро намешавад. Аз ин лиҳоз, чунин як тафтишотҳоро ба роҳ монда, ширкатҳоро ба напардохтани андоз муттаҳам мекунанд ва ҷаримаҳоро ҳам меафзоянд. Ин кор то ҷое мантиқӣ нест. Сармоягузоронро мегурезонад. Аз сӯи дигар соҳибкориро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад. Ширкате, ки 10 миллион сомонӣ даромад нагирифта бошад, чӣ тур 100 миллион супорад?»

Коршиносон ин нуктаро ҳам зикр мекунанд, ки ширкатҳои қарзи андозро супорида наметавонанд ва маҷбур мешаванд, ки дороиҳояшонро фурӯхта, қатъи фаъолият кунанд. Ба қавли онҳо, ин вазъ то ҷое манзараи кунунии соҳибкориро дар Тоҷикистон тағйир медиҳад ва эҳтимоли аз миён рафтани бархе бозигарони соҳаҳо вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG