Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 22 август изҳор намуд, ки вуруди корвон мошинҳо бо кӯмакии башарии Русия бидуни раҳбаладии Кумитаи Салиби Сурх хилофи қавонини байнулмилалист. Дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Линас Линкявичус дар Киев ӯ хабар дод, ки кормандони Салиби Сурх кафолати ҷудоихоҳон барои оташбас дар роҳи корвон бо кӯмаки башариро дастрас накарданд ва аз ин рӯ аз раҳбаладии корвон худдорӣ намуданд.
Даҳҳо мошини боркаш рӯзи 22 август баъд аз он вориди манотиқи шарқии Украина шуданд, ки Маскав Киевро дар эҷоди монеъаҳои сунъӣ дар роҳи корвон бо кӯмаки башарӣ айбдор намуд ва эълом дошт, ки аз интизории зиёд хаста шудааст.
Раиси Хадамоти амнияти давлатии Украина Валентин Наливайченко вуруди мошинҳои боркаш бо кӯмаки башариро “таҷовузи ошкоро” аз сӯи Русия номид. Ӯ дар Твиттер навишт, ки Салиби Сурх бар асари вазъияти ногувори амниятӣ аз раҳбаладии корвони мошинҳои Русия худдорӣ кардааст. Аз ин пеш Киев аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки дар корвони мошинҳои боркаш шояд Русия барои ҷудоихоҳон силоҳ мебарад.