Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додарарӯси президент муовини раиси "Барқи тоҷик" шуд


Амонулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" тайъин шудааст.

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 29 август баргузор ва масоили кадрӣ баррасӣ шуд, Амонулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" таъйин шудааст. Амонулло Саъдуллоев аз моҳи июни соли 2013 ба ин тараф ба ҳайси раҳбари бахши фурӯши барқ дар ширкати давлатии “Барқи тоҷик” кор мекард.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ додарарӯси дигари президенти Тоҷикистон Амирулло Холов шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуда буд. Амирулло Холов бародари хурдии Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” то расиданаш ба мақоми раиси ноҳияи Румӣ, раҳбарии корпоратсияи тиҷориии “Рушди Хатлон”, яке аз ширкатҳои бузурги фаъол дар майдони тиҷорати ҷануби Тоҷикистонро ба дӯш дошт.

Амонулло Саъдуллоев севумин бародари ҳамсари президенти Тоҷикистон аст, ки ба мансаби баланди давлатӣ менишинад. Бародари дигари ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раиси “Ориёнбонк” – бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон буда, бародари дигараш Амируллоҳ Холов дар моҳи феврали соли ҷорӣ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин шуда буд.

Таъйиноти нави Амонулло Саъдуллоев дар ҳолест ки мавзӯи ҳузури афзояндаи хешу табори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои баланди давлатӣ баъди интихоби дигарбораи ӯ ба ин мақом дар маҳофил ва матбуоти Тоҷикистон аз нав авҷ мегирад. Дар силсилаи тағйироти кадрии нӯҳ моҳи ахир ӯ ду қудояш – Шералӣ Гул ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳро аз мақомҳои вазири энержӣ ва раиси ширкати роҳи оҳан ҷавоб дод ва тағояш Матлубхон Давлатовро низ аз мақоми муовини сарвазир ба нафақа гусел кард.

Аммо ба дунбол писараш Рустами Эмомалӣ раиси Хадамоти гумрук, яке аз хешовандони наздикаш Давлаталӣ Саидов муовини сарвазир, домодаш Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молия ва Зайнулло Соҳибов – бародари домодаш Муҳаммадзоир Соҳибов – раиси корхонаи “Сементи Тоҷик” таъин шуданд. Ҳамин тавр, додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раҳбари “Ориёнбонк” – бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон, додарарӯси дигараш Амирулло Холов, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва духтараш Озода Раҳмонова муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистонанд.

XS
SM
MD
LG