Раванди бозшумории ҳамаи овозҳои даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон шоми рӯзи панҷшанбе ба поён расидааст. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар саҳифаи "Фесбук"-и худ навиштааст, ки ин ниҳод ба зудӣ натиҷаҳои интихоботро эълон хоҳад кард, аммо таърихи хосе барои он муайян накардааст.
Тими Таҳаввул ва тадовум ба раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай рӯзи ҷумъа бори дигар хоҳони эъломи ҳар чӣ зудтари натиҷаҳои интихобот шуд. Анварулҳаққ Аҳадӣ, яке аз аъзои баландпояи ин тим имрӯз дар як гирдиҳамоии тарафдорони Ҳизби афғон миллат гуфт, таъхир дар эълони натиҷаҳои интихобот, Афғонистонро бо душвориҳо рӯбарӯ сохтааст. Аҳадӣ гуфтааст, ҳар ду тими интихоботӣ бояд натиҷаро, ки пас аз бозшумории оро аз сӯи Комиссияи мустақили интихобот эълом мешавад, бипазиранд.
Баъд аз ин ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълон кард, ки дар интихобот тақаллуби густурда сурат гирифтааст, ҳамаи оро дубора шумурда шудаанд. Ҳар ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон бар сари ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ мувофиқат кардаанд.
Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷаи Афғонистон дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 5 апрел доир шуда буд, аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар даври дувуми интихобот Залмай Расул, ки 11 дарсад, Абдураб Расули Сайёф, ки беш аз 7 дарсад ва Гулоғо Шерзай, ки беш аз ду дарсади орои интихобкунандагонро дар даври авал ба даст оварда буданд, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ карданд.
Ҳамин тавр, дар даври дувум аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай се номзад --Қутбиддин Ҳилол, ки ҳудуди 2 дарсад, Довуд Султонзай, ки 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амир Арсало, ки 0,2 дарсади орои интихобкунандагонро дар даври аввал касб карда буданд, пуштибонӣ намуданд. Вале дар даври дувум, ки 14 июн доир шуд, бино бар натоиҷи муқаддамотии эълоншуда, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд.
Ин натиҷаҳо мунҷар ба эътирози тунди доктор Абдуллоҳ ва тарафдорони ӯ шуд. Танҳо бо мусоидати миёнҷиҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки ду дафъа барои музокира бо номзадҳо ба Кобул сафар кард, қарор шуд, то овозҳои, ба таъбири доктор Абдуллоҳ”, “нопок” бозшуморӣ шаванд.