Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” мегӯяд, аз оғози моҳи сентябр номгӯи хӯроки мусофиронашро такмил ва бар асоси як назархоҳӣ дар байни мусофирон “хӯрокҳоеро, ки барои мусофирон пешниҳод мегардад, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар кардааст.”
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи “Тоҷик Эйр” рӯзи 12 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди тағйири навъҳои ғизо, ин ба нархи қаблии чиптаҳои “Тоҷик Эйр” таъсир нагузоштааст. Ин дар ҳолест, ки баъди тағйири номгӯ харҷи ҳармоҳаи ширкта барои таъмини ғизои мусофирон қариб 60 ҳазор доллар боло рафта, аз 265 106 доллар дар моҳ ба 323 280 доллар расидааст. Гуфта мешавад, ин ширкат солона барои таъмини мусофиронаш бо ғизо 3 миллион 879 ҳазору 360 доллар харҷ мекунад.
Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи “Тоҷик Эйр” , ҳоло ба номгӯи хӯрокҳои ин ширкат “мурғи обпазшуда бо биринҷ, гӯшти дамдодашуда бо картошка, нӯшобаи «Добрый», хӯришҳои сабзавотиву гӯштӣ, равғани маска, мураббо, панири обкардашуда, майонез, қаҳва, шакар, қаймоқ ва карамел илова гардидааст.”