Қурби доллари амрикоӣ дар дӯконҳои мубодилаи асъор ё нуқтаҳои саррофии Душанбе дар баробари сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, ба таври бесобиқа боло рафта, нигаронии сокинонро ба бор овардааст. Дар ҳоли ҳозир дар нуқтаҳои саррофии пойтахт як доллар ба 5 сомониву 15 дирам иваз карда мешавад. Аммо қимати доллар дар фурӯш ба 5 сомониву 19 дирам баробар аст. Як ҳафта қабл як доллар муодили 5 сомониву 10 дирам ва каме бештар аз он буд.
Аммо қурби расмии доллар, бар асоси иттилои Бонки Миллӣ, рӯзи 17 сентябр ба 4 сомониву 99 дирам баробар аст. Ин бонк мегӯяд, ҳафтае пеш қурби расмии доллар 4 сомониву 97 дирам буд.
Чунин болоравии қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки арзиши рубли русӣ дар чанд рӯзи охир поин омада, 10 рубл баробар ба 1 сомониву 33 дирам шудааст. Қаблан як рубли русӣ ба 1 сомониву 40 дирам ва аз он бештар иваз мешуд. Ба ҳисоби Бонки Миллии Тоҷикистон ҳам қурби рубли русӣ аз оғози соли ҷорӣ то кунун поин рафта, агар моҳи январ 1 сомониву 44 дирамро ташкил медод, дар моҳи сентябр ба 1 сомониву 33 дирам расидааст.
То ҳол Бонки миллии Тоҷикистон иллати боло рафтани қимати долларро шарҳ надодааст. Вале бархе аз мусоҳибони мо дар хиёбонҳои Душанбе аз он нигаронӣ карданд, ки болоравии арзиши доллар дар баробари пули миллӣ ба нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар ва он ҳам дар остонаи Иди Қурбон ё Азҳо аз ҳоло таъсир гузоштааст. Ба қавли бархе аз мусоҳибон, алакай нархи орд дар бозорҳои кишвар ҳудуди даҳ сомонӣ афзоиш ёфтааст. Хабарнигорони “Озодӣ” ин мавзуъро пайгирӣ мекунанд ва дар сурати ба даст омадани тафсилоти бештар онро дар ихтиёри Шумо хоҳем гузошт.