Намозалӣ Сатторов, маҳбуси фирорӣ аз зиндони “Кирпичний”, ки ба таҷовузи як духтари панҷсола муттаҳам шуда, таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, аз сӯи кормандони Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Душанбе боздошт шудааст. Салимзода Саид Восӣ, муфаттиши Шӯъбаи тафтишотӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими вилояти Хатлон, гуфт, барои боздошти Намозалӣ Сатторов падараш ва баъзе аз сокинон кумак кардаанд.
Ба қавли ӯ, Сатторов ҳангоме ки мехост дар хонаи яке аз хешовандонаш дар Душанбе паноҳ бубурад, дастгир шудааст. Намозалӣ Сатторов ба он айбдор мешавад, ки баъд аз фирор аз зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат духтари панҷсолаеро аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст.
Қаблан Додситонии вилояти Хатлон амри ҷустуҷӯи ин маҳбуси фирориро содир карда, аз сокинон барои боздошташ кумак хоста буд. Салимзода Саид Восӣ, муфаттиши Шӯъбаи тафтишотии оид ба парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими вилояти Хатлон, он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Намозалӣ Сатторов баъд аз фирораш аз зиндон ба Қӯрғонтеппа рафта, бо Гулбаҳор Зокирова шинос мешавад. “Ин зан, ки аз шавҳараш бо ду кӯдак ҷудо шуда будааст, дархости ин ҷавон барои зиндагии муштаракро қабул мекунад, аммо Сатторов пеш аз Иди Қурбон бо баҳонаи ба тартиб даровардани мӯйи сари Зулайхо Зокирова, духтари 5-солаи ин зан ва Муҳаммадҷон Зокирови 3-сола онҳоро аз хона берун мебарад. Писарро назди сартарош гузошта, духтарро ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар миёни киштзоре ба номусаш таҷовуз мекунад”,-гуфт ӯ.
Мусоҳиби мо аз Досдитонии вилояти Хатлон афзуд, кӯдакро дар ҳоли беҳушӣ сокинон пайдо карда, ба мақомот хабар медиҳанд. Пас аз гирифтани хулосаи ташхис додситонии вилояти Хатлон нисбат ба Намозалӣ Сатторов бар асоси моддаи 130 қисми 3 (дуздидани кӯдаки ноболиғ); 138 қисми 3, банди “А” (таҷовузи кӯдаки ноболиғ) парванда боз кардааст.