Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиру камонҳоро ҷамъ кунед, президент меояд!


Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон баъди анҷоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа, камони шикорчиёнро ба соҳибонаш бозпас медиҳад.

Масъулони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯянд, камони шикорчиён ба хотири таъмини амнияти комили Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни сафари кориаш ба чанд навоҳии вилоят ҷамъоварӣ шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат Турахонов, як шикорчӣ аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳе пеш кормандони милисаи ноҳия бидуни шарҳ камони ӯ ва даҳҳо шикорчии дигарро ҷамъоварӣ карданд ва то ҳол барнагардондаанд. Ин шикорчӣ мегӯяд, қаблан гоҳ-гоҳе камони онҳоро дар хонаҳояшон тафтиш мекарданд, аммо ҳеч гоҳ онҳоро бо худ набурда буданд. “Камони ҳамаи бачаҳоро гирифтанд. Гуфтанд, ки барои як-ду рӯз супоред, боз биёед, мегиред. Ба ман чизе нагуфтанд, аммо ба бачаҳо гуфта буданд, ки Ҷаноби олӣ меояд ва беморхонаро мекушояд. Ҷаноби Олӣ омада рафт, вале бароямон то ҳол камонҳоро надодаанд. Чанд бор муроҷиат кардем, гуфтанд, ки ҳоло дертарак медиҳем. ”

Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат мегӯяд, камони шикориаш тамоми ҳуҷҷати лозимро дорад ва ҳоло барои нигаҳбонии чорпоёнаш аз ҳамлаи эҳтимолии гургон сахт лозим аст. Ба ин мазмун даҳҳо шикорчӣ аз навоҳии Носири Хусрав, Панҷ, Бохтар, Хуросон, Ҷилликӯл ва Қубодиён аз ҷамъоварӣ шудани камонҳои шикориашон хабар доданд. Ин шикорчиён аксаран дар навоҳие ба сар мебаранд, ки авоили моҳи октябр президенти кишвар сафари корӣ анҷом дода буд.

Масъулони Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон низ ҷамъоварии камонҳои шикориро ба ин сафар рабт доданд. Тоҷиддин Юсупов, нозири сохти иҷозатдиҳии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ки сафари президенти кишвар ба ин навоҳӣ анҷом ёфтааст, шикорчиён метавонанд, яроқҳои худро бозпас бигиранд. Юсупов гуфт, таъмини амнияти президенти кишвар хеле муҳим аст ва ҷамъоварии камони шикорчиён яке аз дигар роҳҳои таъмини амнияти шахси муҳими кишвар ба роҳ монда шудааст.

Ӯ гуфт: “Вақте ҷаноб ташриф меорад, сафараш бояд хубу ором ҷараён бигирад. Дар рӯҳияи хуб, ки президенти кишвар бо мардум хуб мулоқот кунад, тавсияҳои муфид диҳад. Таъмини амнияти ӯ барои ҳамаи мо муҳим аст. Ин ҷо ягон гапи дигар нест, мо камонҳоро гирифтем, ҳоло бармегардонем. Ин силоҳ ҳаст, ҳарчанд, шикорчиён қонунӣ дар даст дошта бошанд ҳам, аммо кӣ медонад, ки дар чунин сафарҳои муҳим ба кадом мақсад истифодааш мекунад. Ин чораҳои пешгирӣ ҳаст, ки мувофиқи қонун аст. Ба ҳамаи шикорчиён расонед, ки хавотир нашаванд ва омада камонҳояшонро бигиранд.”

Ҳарчанд, дар гузашта ҳангоми сафари президент ба навоҳӣ ҳеҷ таҳдиде аз ҷониби шикорчиён сурат нагирифта бошад ҳам, аммо мақомот инро як роҳи “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” медонанд.

Бойҷон Усмонов, раиси Ҷамъияти шикорчиёни вилояти Хатлон мегӯяд, милтиқи шикорӣ ҳам як силоҳи хатарнок маҳсуб меёбад ва он аслан ба афроде дода мешаванд, ки рӯҳан солим буда, маводҳои мадҳушкунанда истеъмол намекунанд. Ӯ мегӯяд, бори аввал аст, ки супориши ҷамъоварии силоҳи шикорчиёнро додаанд.

Дар ҳоле шикорчиён мегӯянд, онҳоро касе нагуфта буд, ки ба кадом хотир силоҳояшон ҷамъоварӣ мешавад, аммо Усмонов мегӯяд, бо ҳар як шикорчӣ қабл аз гирифтани камонаш сӯҳбат сурат гирифтааст.

Дар вилояти Хатлон расман 5 ҳазор нафар сокин камони шикорӣ доранд. Аммо дар ҷараёни сафари охирӣ президенти кишвар беш аз ҳазор камони сокинон ҷамъоварӣ шудааст. Масъулони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ммегӯянд, аз ин ба баъд низ зимни сафарҳои президенти камони шикории шикорчиён ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG