Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Нуралиев: "Чин барои сармояҳояш шарт намегузорад"


Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш дар ҳоли ҳозир маҷбур аст, барои рафъи паёмадҳои рукуди иқтисоди Русия аз Чин сармоя биҷӯяд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусоҳиба бо нашрияи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, нигарониҳо аз имкони афзоиши вобастагии кишвараш аз Чинро мефаҳмад, вале Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои рукуди иқтисодии Русия ба сармоя ниёз дорад.

Оқои Нуралиев, ки маъмулан аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ мекунад, дар ин яке аз мусоҳибаҳои нодираш гуфтааст, “мо хатташро хоҳем кашид, вале на имрӯз. Мо бояд байни як риск дар муқобили риски дигар мувозинатро нигоҳ бидорем.” Ҷамолиддин Нуралиев гуфтааст, дастикам 6 миллиард доллар сармояе ки Чин барои 3 соли оянда ба Тоҷикистон ваъда додааст, барои сохтани лӯлаи газ, корхонаҳои семент ва роҳи оҳан сарф хоҳанд шуд.

“Financial Times” навиштааст, сармоягузориҳои ваъдакардаи Пекин баробари аз се ду ҳиссаи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2013 ва 40 маротиба бештар аз ҷамъи сармоягузориҳои мустақимест, ки солона ба иқтисоди ин яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон сарозер мешаванд. Ба навиштаи муаллифи матлаби “Tajikistan looks to China as Russian remittances dry up” ("Дар ҳоле ки ирсоли пул аз Русия кам мешавад, Тоҷикистон ба Чин рӯ меорад”) Ҷак Фарши, ин ваъдаи миллиардҳо аломати дигари нуфузталабаиҳои иқтисодии Чин дар Осиёи Марказист.

Ин хабарнигори “Financial Times”, ки тоза аз сафари Душанбе баргаштааст, Тоҷикистонро “яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон” ба қалам додааст, ки дар байни Чину Русия ва Афғонистон “чун дар даруни сендвич” дармондааст ва ҳоло паёмадҳои тасарруфи Қрим ва пуштибонии ҷудоиталабони Украина аз сӯи Маскавро дар пӯсти худ, бахусус аз тариқи то 20 дарсад кам шудани пулҳои фиристодаи беш аз 1 миллион муҳоҷираш дар тобистони имсола, ҳисс карда истодааст. Ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия имсол барои аввал аз соли 2009 коҳиш ёфтааст.

Паёмади дигари таҳримҳои зидди Русия дар сатҳи таваррум ва афзоиши нархи маҳсулоти сохти Русия дар бозорҳои Тоҷикистон дида мешавад.

Ҷамолиддин Нуралиев ба “Financial Times” гуфтааст, “мо хеле нигарони чизҳое ҳастем, ки ба сари иқтисоди Русия меоянд. Мо умедворем, ки он кишвар то соли оянда ягони роҳи оддӣ сохтани ин вазъро пайдо хоҳад кард.”

Дар чунин шароит дар рӯзҳои 13-14 сентябр сафари давлатии раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинг ба Тоҷикистон анҷом шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои чиниаш ва ҳамсари ӯро ба таври бесобиқа дар қароргоҳи худ ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш зиёфати хос дод. Дар ҳамон рӯзҳо эълон шуд, ки Пекин ба иқтисоди Тоҷикистон дар чанд соли наздик 6 миллиард сармогузорӣ хоҳад кард.

Душанбе ҳамзамон талош дорад, то аз кишварҳои Ғарб низ сармоя ворид кунад. Вале дипломатҳои ғарбӣ ба “Financial Times” гуфтаанд, сармоягузорони эҳтимолиро мизони фасод дар Тоҷикистон сахт метарсонад. Ин кишвар дар раддабандии ахири созмони Transparency International, дар байни 177 кишвар дар мақоми 154-ум қарор гирифтааст. Қоидаҳои андозбандӣ ва боҷҳои гарони гумрукӣ, ҳамчунин камбуди нирӯи барқ аз мушкилоти дигарест, ки таваҷҷӯҳи сармоягузорони ғарбиро ба Тоҷикистон кам мекунад.

Ҳамин хабарнигори “Financial Times” дар як матлаби дигари дар ин ҳафта нашркардааш дар бораи Тоҷикистон бо андаке танз навиштааст, “агар шумо аз Ботсвана дилгир шудед, аз Тунис ба танг омадед ва Муғулистон барои парвози шумо дигар кофӣ нест, шояд Тоҷикистон битавонад истгоҳи навбатии шумо дар роҳи ҷустуҷӯи бозор шавад.”

Аммо Ҷамолиддин Нуралиев дар сӯҳбат бо Ҷек Фарши гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯи роҳҳои мубориза бо фасод ва масоили дигар кор карда истодааст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, сармояҳои Чин ба гунае барои Тоҷикистон назар ба пули созмонҳои ғарбие, чун Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти шароити хос дода мешаванд, ҷаззобтаранд. Сармоягузории Чин, ба гуфтаи ӯ, “раванди бюрократӣ надорад, онҳо вақти зиёдро намегиранд ва ягон шарт надоранд.”

Коргарони Чин
Коргарони Чин

Аммо зоҳиран, бино ба мушоҳидаи хабарнигори нашрияи бритониёӣ, на ҳама дар Тоҷикистон аз чунин пулрезии Чин ба иқтисоди ин кишвар чунин хушу розианд. Дар ҳоли ҳозир, қарзҳои Чин аз марзи 1 миллиард доллар гузашта, беш аз 50 дарсади қарзҳои хориҷии ҳукумати Тоҷикистон қарзҳои Чин мебошанд, ки асосан дар сохтану тармими роҳҳо ва кандани нақбҳо истифода шудаанд. Як соҳибкори тоҷик дар Душанбе аз ҷумла гуфтааст, “оё баъди онки чиниҳо тамом карданд, барои дигарон чизе дар инҷо хоҳад монд?”

XS
SM
MD
LG