Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рубл шояд наҷот ёбад, аммо сомониро чӣ дар пеш аст?


Қурби доллар ва рубл дар рӯзи 1-уми декабри соли 2014.
Қурби доллар ва рубл дар рӯзи 1-уми декабри соли 2014.

Бо поинравии қурби рубл дар авҷи коҳиши нархи нафт Русия дар рӯбарӯи шикасти эҳтимолии пули худ аст. Ин ҳолат ба пули миллии Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?

Аҳволи рубли русӣ дурнамои бӯҳрони молии Русияро ба намоиш гузошт. Ин ҳафта нархи як доллари амрикоӣ аз 50 рубл гузашт, он ҳам дар ҳоле ки моҳи июн 1 доллар бо 33 рубл баробар буд. Аммо пули Русия дар 25 соли охир борҳо аз чунин бӯҳронҳо гузаштааст. Бори охир фурӯафтии қурби рубл дар соли 1998 замоне рух дод, ки ҳукумати Русия 17-уми август бо дефолти қарзи дохилӣ рӯбарӯ гашт ва дар ин сол қурби рубл чаҳор баробар коҳиш ёфт.

Сергей Алексашенко, собиқ муовини вазири молияи Русия дар давраи раёсатҷумҳурии Борис Елтсин мегӯяд, вазъи имрӯза хотираҳои талхи он давраро дар зеҳни ӯ бедор мекунад. “Чизе, ки имрӯз рӯй медиҳад, соли 1998, баъд аз 17-уми августро ба ёди ман меорад. Вақте ки ҳолати равонӣ нақши асосӣ мебозид ва нобоварии аҳолӣ ва соҳибкорон ба пули миллӣ сабаб шуд, ки одамон аз рубл ба ҳар тараф фирор кунанд,” – мегӯяд Алексашенко.

Вақте ки чунин мафкура ба як воҳима табдил ёфт, меафзояд Алексашенко, барои бонки марказӣ хеле сахт буд, ки пеши роҳи беқурбшавиро гирад. Шикасти молӣ, аммо барои Русия чизи наве нест, он гуна ки таърихи ним асри ахири рубл нишон медиҳад:

ГОВГУМИ ШӮРАВӢ. Солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ бо бӯҳрони иқтисодӣ ва чораҳои молие дар таърих монд, ки байни мардум воҳимаро ба вуҷуд оварданд. Моҳи январи соли 1991 раҳбари шӯравӣ Михаил Горбачёв қарор кард, ки ҳамаи пулҳои 50 ва 100-рублӣ барои шикаст додани тоҷирони бозори сиёҳ бекор карда шаванд. Ба мардуми шӯравӣ танҳо се рӯз дода шуд, ки ин пулҳоро иваз кунанд. Ин дар ҳоле, ки мардум ва бонкҳо ба чунин амалиёти густарда омода набуданд.

Охири он сол ҳукумат арзиши рубро, зимни, ба истилоҳ “қурби туристӣ” барои хориҷиён ва шӯравиёне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, аз 6 ба 27 рубл барои як доллар расонд. Қурб ҳамоно рӯ ба афтодан дошт ва мардум асосан аз доллар истифода мекарданд. То декабри соли 1991 як доллар ба 100 рубл расид. Баъдан, худи Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт.

ШОКОТЕРАПИЯ. Таварруми кайҳонии замони раҳбарии Елтсин дар давраи ислоҳоти иқтисодии ӯ, ки “шокотерапимя” ном гирифтааст, сабаб гашт, ки миллионҳо нафар пасандозҳои худро аз даст диҳанд ва аммо ин ҳам ба қурби рубл беҳбудӣ наовард.

Моҳи январи соли 1994 ҳукумат истифодаи доллари амрикоӣ ва пулҳои дигари хориҷиро дар Русия манъ намуд. То моҳи октябр қурби рубл боз 27 дарсади дигар поин рафт ва ҳодисаи “сешанбеи сиёҳ” иттифоқ афтод. Бонки марказӣ пой ба миёна гузошт, то рублро наҷот диҳад. Дар моҳи январи соли 1998, вақте ки нархи як додллар ба 6000 рубл расид, се сифри охири пули русӣ “хат зада шуд”. Он гоҳ 1 доллар ба 6 рубл баробар шуд.

Ин даврае буд, ки ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ пули миллии худро таъсис доданд, аммо Тоҷикистони ҷангзада то хеле муддат рублро ҳифз кард ва дертар “рубли тоҷикӣ”-ро ба майдон овард. Бӯҳрони молии Русия сабаб шуд, ки миллионҳо рубли, ба истилоҳ “чӯбин” ба қаламрави Тоҷикистон резад ва молу маводу таҷҳизотро аз ин кишвар ба Русия кашонад. Идомаи “ислоҳот”-и елтсинӣ-гайдарӣ-чубайсӣ миллионҳо рубл пасандози шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ба сифр баробар кард.

АВГУСТИ 1998. Пас аз дефолти рубл дар моҳи августи соли 1998 чандин бонки Русия варшикаста шуд ва пасандозҳои мардум барбод рафт. Дар камтар аз як моҳ қурби рубл дар баробари доллар аз 6 ба 16 табдил ёфт ва дертар дар сатҳи 24 рубл барои як доллар бозистод. Таваррум он сол дар Русия 84 дарсадро ташкил дод, дар ҳоле ки Маҷмуи маҳсулоти нохолиси миллии Русия 4,9 дарсад коҳиш ёфт.

Бӯҳрони соли 1998 сабаби коҳиши амиқи воридот ба Русия шуд, аммо беқурбшавии рубл талаботро ба маҳсулоти дохилӣ зиёд кард ва ин ҳолат кӯмак кард, ки кишвар ба зудӣ аз бадбахтии иқтисоодӣ раҳо гардад.

ПАСРАФТИ БУЗУРГ. Баъд аз қариб даҳ соли рушди иқтисодие, ки бар нархи афзояндаи нафт асос дошт, бӯҳрони иқтисодии соли 2008-и ҷаҳон ба пули Русия зарба зад. То оғози соли 2009 қурби рубл 35 дарсад поин рафт. Ҳукумати Русия сиёсати, ба истилоҳ, “беқурбшавии боназорат”-ро дар пеш гирифт ва бо истифода аз захираҳои хориҷияш талош кард, ғалтидани рубро нармтар кунад.

Президенти Русия, Владимир Путин, ки он вақт нақши сарвазирро мебозид, гуфт, ҳадафи ин сиёсат фароҳам овардани имконият ба шаҳрвандон аст, то шеваи харюҷи пасандозҳои хешро худ муайян кунанд.

МОҶАРОИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ. Сергей Алексашенко, собиқ муовини вазири молияи Русия, мегӯяд, вазъи феълии рубл ба коҳиши нархи нафт ва бӯҳрони Украина, аз ҷумла аннексияи Қрим аз тарафи Русия ва ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб бастагӣ дорад.

Сергей Гуриев, иқтисодшиноси шинохтаи Русия ва узви пешини шӯрои мудирони “Сбербонк” илова мекунад, ки ислоҳоти рокиди иқтисодӣ ва фасоди фарогир ин вазъро бадтар мекунанд. Қатъ шудани ислоҳот, ба ақидаи ӯ, дар пасманзари таҳримҳо, сармоягузорони хориҷиро гурезон кардааст. Ба андешаи Гуриев, “агар Русия сиёсати беҳтар ва сиёсати беҳтари хориҷӣ медошт, рубл танҳо қавитар мешуду бас.”

ТАЪСИР БА СОМОНӢ. Русия яке аз ҷонибҳои асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад ва поин рафтани арзиши рубли ин кишвар ба арзиши сомонӣ-пули миллии Тоҷикистон низ асар гузоштааст.

Нозим Эшонқулов
Нозим Эшонқулов

Нозим Эшонқулов, раиси иҷроии Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар бораи таъсир эҳтимолии бӯҳрони рубл ба сомонӣ мегӯяд: "Ба касе пӯшида нест, ки мизони воридоти молу коло ба кишвари мо хеле бузург аст ва мизони он амалан се баробар бештар аз содироти моро ташкил медиҳад. Чунин нобаробарии воридоту содирот гувоҳи он аст, ки арзиши сомонӣ ногузир поин меравад. Арзиши рубли русӣ на танҳо дар худи Русия, балки дар кишвари мо ҳам поин рафтааст. Онҳое, ки рубл доранд, талош мекунанд, ки онро зудтар фурӯшанд ва ё умуман майл ба харидани рублро надоранд. Онҳо бештар доллару евро ва ҳатто юан-пули чиноӣ мехаранд."

Озодӣ: Барои он ки пули миллии Тоҷикистон, яъне сомонӣ беш аз ҳад поин наравад ва ба рушди иқтисод ва ё ба киссаи ҳар сокини кишвар зарба назанад, ба назари Шумо, ҳукумат чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад?

Эшонқулов: Мутаассифона, роҳҳои маъмулии ҳалли ин мушкил вуҷуд надорад. Ин мушкили макроиқтисодист. Барои ҳамин бо фармон ва ё қароре наметавон ин мушкилро ҳал кард. Нақши нозир дар бозори арзро Бонки Миллии Тоҷикистон дар ихтиёр дорад. Ин бонк дар чаҳорчӯбаи салоҳиятҳои худ метавонад тадбирҳои пешгирикунанда анҷом диҳад, мисли дахолати молӣ ё интервенсия. Бонки Миллӣ бо истифода аз захоири молии худ миқдоре муайяни арзи хориҷиро ба бозор мебарорад. Вале ин чораи муваққатист ва Бонки Миллии Тоҷикистон захоири зиёд надорад, то барои муддатҳои тӯлонӣ ба таври сунъӣ арзиши сомониро нигоҳ дорад.

Озодӣ: Пас ҳукумат бояд чӣ чораҳо андешад?

Эшонқулов: Ҳукумат бояд сарчашмаҳои ҷалби сармояи хориҷиро бештар кунад. Вале аз чӣ роҳ? Албатта, на аз ин роҳ, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бештар бошанд, балки аз роҳи рушди соҳибкориву тиҷорат ва аз роҳи афзоиши содироти колоҳои ватанӣ ба хориҷ, колоҳое, ки асъори хориҷӣ меоранд. Ин яке аз роҳҳои ба даст овардани асъори хориҷӣ барои Тоҷикистон аст. Вале шароити сармоягузорӣ дар кишвари мо дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Барои ҳамин ҳеҷ сармоягузор бо миллионҳо доллари худ барои ташкили корхона ё тиҷорат ба Тоҷикистон намеояд. Агар тавлидот дар худи кишвар ва фазои сармоягузорӣ беҳтар нашавад, мо дар чунин шароит наметавонем мизони содироти худро боло барем.

Норозигии русҳо аз коҳиши қурби рубл
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

XS
SM
MD
LG