Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо Ex-Im Bank-и Чин қарордод имзо кард


Масири сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон
Масири сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

Вазорати молияи Тоҷикистон ва яке аз бонкҳои Чин бо номи Ex-Im Bank қарордодеро имзо карданд, ки бар асоси он бонки мазкур барои ба поён расондани сохтмони қитъаи роҳи 40,7 километрии Ваҳдат-Ёвон қарз медиҳад. Ин қитъа ба роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа дохил мешавад ва сохтмони он бояд то соли 2016 анҷом ёбад.

Тоҷикистон соли 2009 замоне ба бунёди ин роҳ оғоз намуд, ки Узбакистон дар самти ҳаракати қаторҳо ба вилояти Хатлон мушкил эҷод кард ва зарурати сохтмони ин роҳ бештар шуд.

Барои бунёди нақбҳо ва иншооти обпарто як ширкати сохтмонии чинӣ ҷалб шудааст. Ҳоло бештар аз 8 километри ин роҳ сохта шудааст. Дар имтидоди ин роҳи бештар аз 40 километрӣ ба дарозии 2 километру 340 метр силсиланақбҳо ва 18 пули хурду калон сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG