Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сержант Ёқубов: Вақте аз об берунаш овардам, гуфт: Беҳуда наҷотам додӣ...


Сержант Парвизҷон Ёқубов
Сержант Парвизҷон Ёқубов

Як сержанти милисаи шаҳри Хуҷанд аз қасди худкушии як зани 28-сола дар Сирдарё ҷилавгирӣ карда ва ин занро аз чанголи марги ногузир наҷот додааст.

Як сержанти милиса аз шӯъбаи ум ури дохилаи шаҳри Хуҷанд аз қасди хушкушии як зан дар рӯи пули Сирдарё ҷилавгирӣ кардааст. Акбар Шарифов, сухангӯи раёсати умури дохилаи вилояти Суғд рӯзи 26 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодисаи соати тақрибан сеюними баъд аз пешини 25 март рух дода, он занро сержант Парвизҷон Ёқубов, корманди хадамоит таъминоти шӯъбаи корҳои дохилии Хуҷанд аз об берун кашидааст.

Худи Парвизҷон Ёқубов рӯзи 26 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Як нафари ношинос ба шӯъбаи дохила занг заду хабар дод, ки як зан худро ба дарё андохтааст. Ман зуд худамро ба соҳил расондам, ки вай аллакай дар об аст. Дигар вақти либоскашӣ набуд ва ман бо либосам худро ба оби Сир заадам. Об хеле сард буд ва то онки худамро ба ин зан расондаму берунаш овардам, ягон 10-15 дақиқа гузашт. Вақте аз об берунаш овардам, ба ман таънаомез гуфт ки: "Маро беҳуда наҷот додӣ..." Ин занро баъд мошини “Ёрии таъҷилӣ” бурд.”

Ба гуфтаи сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, таҳқиқи мақомоти умури дохила то ин соат маълум кардааст, ки ин зани маргталаб Мавзуна Давроновна Зокирова ном дошта, 28 сол доштааст: “Вале инки ин сокини ноҳияи бо Хуҷанд ҳамсояи Бобоҷон Ғафуров бо кадом сабаб даст ба ҷони худ задааст ва дигар ҷузъиёти ин қазияро бояд акнун мақомоти додситонӣ тафтиш кунанд. Мо маводи омодакардаамон дар бораи кӯшиш сӯиқасдро ба муфаттишони додситонӣ месупорем ва таҳқиқро онҳо идома медиҳанд.”

Худи Парвизҷон Ёқубов дар мавриди шахсияти зане, ки наҷот додааст, гуфт, ин зан шавҳар ва фарзанд дошта, гӯё ба далели мушкилоти хонаводагӣ мехостааст худкушӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, Мавзуна Зокироваро аз бемористон аллакай ҷавоб додаанд ва ӯ пеши хонаводааш баргаштааст.

Акбар Шарифов, сухангӯи пулиси вилояти Суғд мегӯяд, маҳз чолокӣ ва вокуниши сареи Парвизҷон Ёқубов ба хатаре ки ба ҳаёти як шаҳрванд таҳдид мекард, сабаби наҷоти ин зан аз чанги марги ногузир шудааст. Аммо худи Парвизҷон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин амалашро қаҳрамонӣ намешуморад, балки мегӯяд, “ман фақат кореро, ки аз дастам омад, анҷом додам. Дигар ҳеҷ. Мунтазири подош ҳам нестам.”

Сержант Ёқубов
Сержант Ёқубов

Аммо гузориши сомонаи расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса “Ҷасорати корманди милитсия” номгузорӣ шуда, дар он омадааст: Кормандони милитсия баробари ҳифз намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тинҷию осоиштагӣ дар кишвар, ҳамчунин муҳофизи ҳаёти ҳар як инсон буда, бо далерию омодагии ҳамаҷониба дар ҳама ҳолат аз худ корнамоӣ нишон дода, садоқат ба касби пуршарафи хешро собит месозанд. Аз ҷумла, милитсионери Хадамоти таъминотии милитсияи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд сержанти милитсия Ёқубов Парвизҷон Эркинҷонович, ҳангоми пеш бурдани фаъолияти хизматӣ аз худ ҳушёриву ҷасорат нишон дода, рӯзи 25.03.с.2015, соати 15:30-дақиқа шаҳрванд Зокирова Мавзуна Давроновна, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро, ки худро аз болои пули дарёи «Сир» бо мақсади сӯиқасд ба худкушӣ партофтааст, дарҳол баҳри наҷот додани Зокирова Мавзуна бе шакку шубҳа аз паси ӯ худро ба об мепартояд.

Акбар Шарифов амалкарди сержант Парвизҷон Ёқубов дар ин қазияро сазовори ситоиш ва шоиста таҳсин номид ва гуфт, мақомоти умури дохилаи шаҳру вилоят ҳатман ин сержантро барои наҷоти ҷони як шаҳрванд бо ҷоизаҳое сарфароз хоҳанд кард: “Чунин рафтори як корманди милиса бояд барои дигар ҳамкоронаш низ намунаи ибрат шавад. Аз ин рӯ, раҳбарони мақомоти умури дохила ҳатман сержант Ёқубовро қадрдонӣ хоҳанд кард. Чунин амалҳо обрӯи милисаро дар байни ҷомиа баланд мебардоранд.”

Парвизҷон Эркинҷонович Ёқубов соли 1991 ба дунё омада, соли 2009 мактаби рақами 17-и шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Баъди адои хидмати ҳарбӣ ду сол боз дар бахши таъминоти шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Парвизҷон ду сол пеш хонадор шудааст.

Вилояти Суғд аз нигоҳи шумори худкушиҳо, бахусус дар миёни занон, дар Тоҷикистон дар ҷои якум меистад. Теъдоди онҳое, ки ба далоили мухталиф, вале асосан ба маҳзи мушкилоти иҷтимоӣ ваё ҷанҷолҳои хонаводагӣ даст ба ҷони худ мезананд, бахусус дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он бештар мушоҳида мешавад. Худкушиҳо дар ин минтақа бо шеваҳои мухталиф, аз ҷумла ба дор кашидан ё нӯшидани доруи зиёд анҷом мешаванд, вале як бахши аъзами онҳое, ки мехоҳанд ба зиндагӣ падруд бигӯянд, худро аз рӯи пул ба Сирдарё меандозанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд. Вилояти Суғд аз нигоҳи худкушии занҳо дар кишвар дар ҷои аввал меистад ва танҳо дар соли 2014 дар ин вилоят 125 зан дар ин минтақа ба ҷони худ қасд кардаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳое ки қасди худкушӣ мекунанд, ҷавонанд, вале зери бори гарони мушкилоти зиндагӣ ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ илоҷе ба ҷуз буридани риштаи умрашон барои худ намеёбанд.

XS
SM
MD
LG