Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабри барфиро кӣ кушт? Дар Тоҷикистон ё Қирғизистон?


Вазорати табиати Русия аз додситонии ин кишвар хостааст, даст доштани як соҳибкори русро ба шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон ё Қирғизистон тафтиш кунад.

Баъд аз як ҳафтаи рӯ задани акси як нафар ҳамроҳи бабри барфие, ки шикор кардааст, ҳувияти ӯ ошкор гашт ва Вазорати табиати Русия аз додситонии ин кишвар хост, даст доштани соҳибимтиёзи ширкати "Капитал Груп" Павел Тёро ба шикори мамнӯъ таҳқиқ кунад.

Ин акс аввал дар Фейсбук нашр шуд ва чанде аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ аз ҳамагон хостанд, агар шахсеро, ки дар паҳлӯи як бабри кушташуда дароз кашидааст, мешиносанд, номи ӯро ба мақомоти давлатӣ хабар диҳанд. Ба ин васила номи ӯ ошкор шудааст, зеро чандин нафар навиштаанд, ин шахс соҳибкори рус, ҳамраиси ширкати "Капитал Груп" Павел Тё мебошад.

Вазорати табиати Русия аз пулиси байнулмилалӣ ё Интерпол низ хостааст, Павел Тё бо гумони қатли бабри барфӣ боздошт ва муҳокима шавад. Шикори ин навъи ҳайвоноти нодир дар тамоми дунё манъ шудааст, зеро шумораи он хеле кам монда, хатари тамоман нобуд шудани бабри барфӣ дар миён аст.

Бабри барфӣ
Бабри барфӣ

Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, маълум нест, ин шикори ғариқонунӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтааст ё Қирғизистон, вале аз мақомот ва шаҳрвандони ин кишварҳо низ даъват кардааст, ки дар пажӯҳиши байнулмилалии ин ҷиноят саҳм гиранд.

Акси шикорчӣ аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазири табиати Федерсюни Русия Сергей Донской фиристода шуд ва сабаби нашри ин баёния гашт. Вазорати табиати Русия изҳори умедворӣ кардааст, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қонун дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таҳқиқи воқеа машғул хоҳанд шуд.

Дар ин миён ҳамсари Павел Тё Олга Карпут ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки ин акс дасткорӣ шуда, ҳадаф аз он беобрӯ кардани шавҳари ӯст. Худи соҳибкор ва шарики ӯ дар ширкати "Капитал Груп" Владислав Доронин аз шарҳи акс худдорӣ карданд.

Дар Тоҷикистон тақрибан 400 бабри барфӣ мондааст ва Халил Каримов, яке аз табиатшиносони тоҷик аст, ки барои муҳофизати ин ҷонвари нодиру зебо, вале дар вартаи нобудӣ, барфӣ кумак мекунад.

ВИДЕО: Мусоҳиба бо Халил Каримов:

Бабрҳои барфии Тоҷикистонро кӣ нобуд мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Халил Каримов солҳост, бо ёрии сокинони дигари Бадахшон ва бо мусоидати созмони амрикоии Пантера барои омӯхтани зиндагии бабри барфӣ ва муҳофизати онҳо аз шикори ғайриқонунӣ барнома иҷро мекунад. Дар ин бора гуфтугӯе доштем, бо Халил Каримов ва аз ӯ нахуст дар бораи хатарҳо ба ҷони бабри барфӣ дар Тоҷикистон пурсидем.

Халил Каримов: “Бабри барфӣ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунад ва кӯшиш мекунад, ки аз назарҳо ноаён бошад ва барои ҳамин таҳқиқи зиндагии ин ҷонвар фавқуллода мушкил аст. Бабри барфиро Созмони Байналмилалии Ҳифзи Табиат ба Китоби Сурх ворид кардааст, чунки ба он хатари нобудӣ таҳдид мекунад. Шикори ғайриқонунӣ, кам шудани сарчашмаҳои хӯрока ва табоҳшавии минтақаҳои сукунати онҳо сабаби кам шудани саршумори бабри барфӣ шудааст. “

Дар Қирғизистон низ шояд аз 200 то 300 адад бабри барфӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин гӯшаи ҷаҳон теъдоди онҳо бисёр кам аст, вале худи минтақа минтақаи бисёр муҳим барои ин ҷонварҳост, зеро як пули пайвасткунанда миёни маҳалҳои шимолии сукунати бабрҳои барфӣ дар Муғулистону Русия ва Қазоқистон ва маҳалли сукунати онҳо дар ҷануб дар Ҳимолойу Чин мебошад.

XS
SM
MD
LG