Субҳи рӯзи шанбе, 25 апрел, замоне, ки Непалро заминларзаи мудҳиш такон дод, ба иттилои шабакаи телевизионии NDTV, дар болои манораи Дҳарара ё Бхимсен ва атрофи он беш аз чаҳорсад нафар ҳузур доштанд. Ин манора, ки қарни 19 бунёд шудааст, аз 11 ошёна иборат аст ва ҳамарӯза ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ ба тамошои он меомаданд. Зимнан, он ҳангоми заминларзаи соли 1934 осеби ҷиддӣ дида буд.
Полис ҷойи ҳодисаро печонида гирифтааст. Ба иттилои хабаргузории Рейтер, дар лаҳзаҳои аввал аз зери оворҳо ҷасади як нафар берун оварда шуд.
Ахиран хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки бар асари заминларза 876 нафар ба ҳалокат расидааст. Бештари қурбониёни офати табиӣ сокинони водии Катманду мебошанд. Аз ин пеш расонаҳо бо такя ба вазорати умури дохилии нгепал дар бораи марги беш аз 200 нафар хабар дода буданд.
Дар Катманду даҳҳо манзили зист ва биноҳои қадима ба хок яксон шудаанд. Заминларза боиси ярч дар баландтарин қуллаи олам - Эверест шудааст. Мақомоти Непал тасмим гирифтанд, ки парвозҳо аз фурудгоҳи Катмандуро мутаваққиф кунанд.
Ба иттилои расмӣ, маркази заминларза дар 82 километрии шимолу ғарби шаҳри Катманду ҷойгир буд. Маркази зилзиласанҷии Аврупо дар Баҳри Миёназамин, мегӯяд, ки заминларза дар жарфои 31 километр аз сатҳи замин рӯй додааст.
Заминларза он қадар нерӯманд буд, ки онро дар Деҳлӣ ва ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон, ки дар наздикиҳои марз бо Непал ҷойгиранд, низ эҳсос карданд. Ба навиштаи рӯзномаи The Times of India, ларзишии замин дар аёлатҳои Биҳар, Уттар-Прадеш, Раҷастан, Ҳариён ва Панҷоб тақрибан як дақиқа идома дошт ва одамон ҳаросон манзилҳои худро тарк намуданд. Дар шаҳри Деҳлӣ ҳаракати метро барои чанд муддат мутаваққиф шуд.
Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки ҳукумат талош дорад то дар бораи заминларза ҳам дар Ҳиндустон ва ҳам дар Непал ҳарчӣ бештар иттилоъ ба даст оварад ва ба осебдидагон кӯмаки фаврӣ расонад. Заминларза дар Покистон ҳам эҳсос шудааст.
ТАФСИЛОТ ДАР ИН ҶО НАШР МЕШАВАД