Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшон боз шуд


Ширкатҳои сайёҳии Бадахшон мегӯянд, бахши раводид ва бақайдгирии Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати умури дохилӣ мамнӯияти сафари ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин минтақаро лағв кардааст.

Ширкатҳои сайёҳии Бадахшон мегӯянд, ОВИР – Хадамоти визадиҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маҳдудияти сафар ба Бадахшонро аз байн бардошт ва акнун роҳи сафари ҷаҳонгардон ба ин вилоят боз шудааст.

Анҷумани туризми эко-фарҳангии Помир (The Pamirs Eco-Cultural Tourism Association (PECTA) аз байн рафтани маҳдудияти сафари сайёҳони хориҷӣ ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонро тасдиқ кард. Жанбия Зоолшоева аз маркази иттилоотии ин созмони ҷаҳонгардӣ шоми 18 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ОВИР – бахши раводид ва бақайдгирии Хадамоти шиносномадиҳии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон – маҳдудияти эҷодшуда дар роҳи сафари сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшонро бардоштааст ва алакай даҳҳо сайёҳи хориҷӣ аз ин идораи марказаш дар Душанбе ҳаққи сафар ба ин минтақаро ба даст овардаанд.

Хонум Зоолшоева афзуд: "Омадани сайёҳон сар шудааст. Даҳҳо нафар то ин соат ба Бадахшон расиданд." Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар Бадахшон ором аст ва ҳеч таҳдиде ба сайёҳон дар инҷо вуҷуд надорад, ки хориҷиён аз сафар ба ин кӯҳистони зебо худдорӣ кунанд.

Шагарф Муллоабдулов, раҳбари ширкати “Silk Tour” низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард, вале гуфт, манъи сафар ба Бадахшон ва он ҳам дар оғози мавсим, ки як моҳ давом кард, ба кори ширкатҳои сайёҳӣ хеле латма зад: "Шарикони мо ҳар рӯз занг мезаданд, ки чӣ кор кунем? Фиристем сайёҳ ё на? Бар асоси гапу калоча ба кори мо осеб заданд. Хеле аз хоҳишмандони сайёҳат аз Бадахшон дар ними роҳ монданд, хеле дигар аз азми сафар даст кашиданд."

Мақомоти ОВИР ҳанӯз ин хабарро расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Мавзӯи манъ шудани сафари сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшон ҳафтаи гузашта, дар пайи шикояти Ксения Бозрикова ва Ирина Шнитс, ду ҷаҳонгарди рус, ки аз тариқи як ширкати маҳаллӣ ба Душанбе омада, вале иҷозати сафар ба Бадахшонро аз ОВИР ба даст оварда натавонистанд, расонаӣ шуд. Масъули ширкати сайёҳие, ки ба ин ду шаҳрванди Русия ваъдаи сафар ба Бадахшонро дода буд, ба Озодӣ гуфт, онҳо маҷбур шудаанд, ба хотири ҳифзи эътимоди муштариён 1600 доллар харҷи ин ду нафарро бозпас диҳанд.

Як масъули ОВИР бидуни ифшои номаш ба Озодӣ гуфт, ин идора дар пайи супориши Раёсати сарҳадоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба сайёҳон иҷозаи сафар ба Бадахшонро намедиҳанд. Ин масъул гуфт, Бадахшон як вилоятест, ки марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дорад ва ҳоло дар он сӯи марз – дар Бадахшони Афғонистон вазъ ором нест.

Аммо манъи сафари сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшон ва он ҳам дар оғози мавсими имсолаи сайёҳат ба ин минтақаи кӯҳистонӣ эътирози ширкатҳои туристиеро, ки ба ҷалби сайёҳон ба Бадахшон машғуланд, ба бор овард.

Анҷумани сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Бадахшон ин маҳдудиятро “мониаи сунъӣ номид ва рӯзи 15 май дар номае аз вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Оҷонсии зиддимонополии Тоҷикистон хост, ин "монеаи сунъӣ", ки ҳар сол аҳолии ин минтақаи дурафтодаро "аз ягона мояи даромад" маҳрум мекунад, бардошта шавад.

Дар ин нома, ки рӯзи 15 май ба идораи Радиои Озодӣ фиристода шудааст, гуфта мешавад, ҳар тобистон бо оғози мавсими ҷаҳонгардӣ ба даҳҳо сайёҳи хориҷӣ иҷозаи сафари Бадахшон дода намешавад, дар ҳоле ки ҳамтоёни онҳо ба воситаи Қирғизистон ва Афғонистон озодона ба Помири Тоҷикистон ворид мешаванд. Ба гуфтаи муаллифони номае, ки онро сарон ва намояндагони чандин ширкати ҷаҳонгардии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон имзо кардаанд, чунин бархӯрд ба эътибори Тоҷикистонро ҳамчун як масири сайёҳӣ зарба зада, садҳо нафар аз сокинони Помирро аз ризқашон маҳрум мекунад. Онҳо афзудаанд, ба ҷаҳонгардон дар ҳоле иҷозаи сафари Бадахшон дода намешавад, ки онҳо бо умед ба ин минтақа меоянд ва дар ягон сомонаи расмӣ огаҳии манъи сафар ба ин ҷо нашр нашудааст.

Бадахшони Тоҷикистон, ки ҳаммарзи Бадахшони Афғонистон ҳаст, аз умдатарин масирҳои сафари сайёҳони хориҷӣ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Солҳои қабл низ ба таври муваққат бинобар нооромӣ дар Бадахшони Тоҷикистон, сайёҳон имкони рафтан ба ин вилоятро надоштанд, вале дар чанд соли охир аз ин вилоят солона ҳазорҳо сайёҳ дидан мекарданд.

Бар асоси иттилои расмӣ, соли гузашта дар моҳи апрел ва май беш аз ду ҳазор сайёҳ ба Бадахшон ворид шуда буданд, аммо дар ду моҳи ахир танҳо ҳудуди 500 нафар, яъне 4 маротиба камтар аз як соли пеш, тавонистаанд ба дидани ин минтақа мушарраф шаванд.

XS
SM
MD
LG