Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи истеъфои Ҳафиз Холиқзода аз раҳбарии Маркази оянданигарӣ


Ҳафиз Холиқзода
Ҳафиз Холиқзода

Президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, Ҳафиз Холиқзода аз раҳбарии Маркази оянданигарӣ бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтааст ва ин ҷо "асроре" нест.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, ки Ҳафиз Холиқзода ва Шодӣ Атоӣ -- раҳбарони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарӣ бо хоҳиши худашон аз симаташон истеъфо додаанд. Фарҳод Раҳимӣ рӯзи 20 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳафиз Холиқзода ва Шодӣ Атоӣ, ҳамчун раис ва муовини Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи илмҳои Тоҷикистон довталабона хоҳиш карданд, ки аз кор дар ин марказ канор мераванд ва ба фаъолиятҳои илмиашон дар академия идома медиҳанд. Ба ин далел, чун хоҳиши худашон буд, мо низ рад накардем."

Ҳамзамон ҷаноби Раҳимӣ сарусадоҳо дар робита ба ин ки "эҷоди маҳдудиятҳо" дар фаъолияти Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарӣ ва ҳамин тавр бо номи ин марказ чоп шудани матлабҳо аз ҷониби дигар ниҳодҳо сабаби истеъфои ду тан аз раҳбарони ин

Фарҳод Раҳимӣ
Фарҳод Раҳимӣ

марказро рад кард. Ба гуфтаи раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, то ба ҳол раҳбарияти нави Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарӣ интихоб нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳафиз Холиқзода ва Шодӣ Атоӣ низ мегӯянд, бо хоҳиши худ аз вазифаи раис ва муовини Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарӣ истеъфо додаанд. Онҳо мегӯянд, аз ин ба баъд ба фаъолиятҳои имлӣ ба таври ҷиддӣ машғул хоҳанд шуд.

Шоди Атоӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "мехоҳам озодтар бошам ва ба корҳои илмӣ ҷиддитар сару кор гирам. Чун дар маъмурият будан, то андозае ба фаъолиятҳои имлӣ монеа эҷод мекунад. Ба ин хотир, мехоҳем, то дар фазои озодтар ба таҳқиқоти илмӣ пардозем."

Ба ин тартиб, қарор аст, Ҳафиз Холиқзода, дубора ба Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи улуми Тоҷикистон, ки қаблан дар он ҷо ба унвони ходими илмӣ фаъолият мекард, баргардад. Аммо Шодӣ Атоӣ мегӯяд, як каме ба умури хонаводагӣ машғул хоҳад шуд ва баъдан тасмим мегирад, ки дар куҷо корашро идома хоҳад дод.

Ҳафиз Холиқзода ва Шодӣ Атоӣ, бо вуҷуди он ки раҳбарияти Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улумро бар дӯш доштанд, аз ширкатдорони фаъоли маҳфили “Ҷаҳони андеша” дар Паёӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки минбаъд дар баҳсҳои маҳфили "Ҷаҳони андеша" фаъолона ширкат хоҳанд кард. Комил Бекзода, файласуфи саршиноси тоҷик аз мубтакирони аслии маҳфили “Ҷаҳони андеша” аст.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарӣ соли 2014 дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон созмон ёфт. Ин марказ бо он ки дар қиболи Ҳизби наҳзати исломӣ ва дини мубини ислом назарҳои мутафовитеро дар матбуот ироа кард, ҳамзамон додани унвони “Пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро низ зери суол бурд.

Моҳи марти соли ҷорӣ Носирҷон Салимӣ, раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмади Самеъ бо нашри як мақола дар торнамои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешниҳод карданд, то ҷаноби Раҳмон расман "пешвои миллат" номида шавад.

Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми Тоҷикистон пешниҳодҳо дар бораи расман "пешвои миллат" номидани раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро хилофи арзишҳои як кишвари демократӣ номид ва гуфт, "пешво одатан дар низомҳои қабилавӣ, шоҳигарӣ ва теократӣ мешавад, на дар ҷомеаи демократӣ."

XS
SM
MD
LG