Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон баъд аз даъвои қазоқҳо ба тоза кардани Сир пардохт


Дарёи Сир
Дарёи Сир

Масъулони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баъд аз ташхиси таркиби оби рӯди Сир дар Қазоқистон барномаи ҳифзи оби ин рӯдхонаро дар пеш гирифтанд.

Баъд аз чанд матлаби экологҳои Қазоқистон дар бораи нопокӣ ва заҳролуд шудани оби рӯди Сир Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз якуми август дар доираи барномаи махсуси ҳукумати вилоят ба поксозии оби ин рӯдхона дар ҳудуди 5 километр шуруъ кард. Хуршед Саидов, сармутахассиси ин ниҳод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сароғоз ин тозакунӣ дар атрофи соҳилҳои он сурат мегирад, то ки нопокиҳо бо шамолу борон ба дарё сарозер нашаванд.

Ӯ афзуд, "поксозии асосиро аз 20 август ба он сӯ ба назар гирифтаем, зеро сатҳи оби Сир поин мефарояд ва мо техникаҳоро ба дохили дарё дароварда алафҳоро тоза мекунем. Ҳамзамон он ифлосиҳое, ки мавҷуд аст, чун асосан ба алафҳо часпидааст, онро якбора тоза мекунем".

Олимони Қазоқистон бо харҷи 600 000 доллар ташхис гузарондаанд, дар дарёи Сир, ки аз қаламрави се кишвар - Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон мегузарад, партовҳои зараррасон зиёданд ва на танҳо ба муҳити зист, балки ба саломатӣ ва ҳаёти одамон зиён доранд.

Мувофиқи ин ташхис маълум гардидааст, ки сарчашмаи ин ифлосиҳо корхонаҳои саноатӣ ва фермаҳои чорвопарварӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон будааст. Муаллифи яке аз матлабҳо гуфтааст, ки 5-6 сол ба ин сӯ партовҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, партовҳои беморхонаи сироятии ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва партовҳои ду фермаи паррандапарварии деҳаи Учтепа ва фермаи Зотпарварии ҷамоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Сирдарё партофта мешаванд ва тақрибан 20-25 ҳазор кубометр дар як шабонарӯз ифлосиҳо ба рӯдхона ҷорӣ мешаванд.

Аммо ҳамсуҳбати мо, Хуршед Саидов, натиҷаи ташхиси олимони Қазоқистонро хатои мантиқӣ медонад, зеро ба гуфтаи вай "Сирдарё аз Қазоқистон аввал ба Узбакистон, баъд ба Тоҷикистон ва боз ба Узбакистон ҷорӣ гардида дар ниҳоят ба Қазоқистон мерезад".

Бо ин вуҷуд масъулони соҳа мегӯянд, нигуҳобини чорво, шустани нақлиёт дар соҳили дарёи Сир манъ шудааст ва онҳо ҳар моҳ 13 навъи оби онро аз ташхис мегузаронанд ва то ҳол бемориеро дар натиҷаи оббозӣ кардан дар ин мавзеъ ба қайд нагирифтаанд. Ташхисгарони вазъи тозагии оби Тоҷикистон металҳои вазнини хавфнок ва партовҳои зараррасонро дар натиҷаи ташхисҳояшон мушоҳида накардаанд.

XS
SM
MD
LG