Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ба баррасии парвандаи се масъули дигари ширкати "Ҳафт бурҷ" оғоз кардааст. Аммо масъулони дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 10 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Саъдуллоев С.Х., Саидов Р.К. ва Хушмаҳмадов Ш.М. аз Тоҷикистон фирор карда, аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ сарпечӣ намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод ҳоло ё дар Туркия ва ё дар Иморати Муттаҳидаи Араб ба сар мебаранд. "Тибқи парванда онҳо 125 ҳазору 602 доллару 5 сенти ширкатро аз худ намудаанд," -- афзуд манбаъ.
Тавре аз додгоҳи ноҳияи Сино ба мо гуфтанд, парвандаи се масъули дигари "Ҳафт бурҷ" дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ дар пайи шикояти муштариёни ин ширкат аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон ба онҳо ирсол шудааст.
Қабл аз ин, дар моҳи октябри соли гузашта додгоҳи Синои пойтахт ду намояндаи ширкати "Ҳафт бурҷ" Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро дар қаллобӣ муҷрим шинохта, 8,5-солӣ аз озодӣ маҳрум кард. Додраси парванда гуфт, ки Маъруфову Расулов баъд аз адои ҳукмашон низ 4 соли дигар ҳаққи фаъолияти соҳибкориро нахоҳанд дошт.
Маблағи умумии зиёни расида ба муштариёни ширкати "Ҳафт бурҷ" баробари 618 000 доллар гуфта мешавад. Аммо Олим Маъруфов, яке аз масъулони ин ширкат, ки равонаи зиндон шудааст, ҳангоми баррасии парвандааш дар толори додгоҳ, гуфта буд, ки "агар гунаҳкор мебудам, аз Дубай намеомадам. Танҳо мехостем, бо маблағи ҷамъшуда дар ширкат маҳсулот харида, онро фурӯшем, то ба худ ва муштариён манфиат орем. Аз ин бештар нияте надоштем. Вале вақте фаъолияти ширкатро боздоштанд, дигар натавонистем кори ширкатро пеш бурда, фоидаи пули муштариёнро бидиҳем."
Маъруфову Расулов аз Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт хоста буданд, ки барои баргардондани маблағи мардум ба онҳо иҷозат дода шавад, то ба ҷазираҳои “Сейшел” раванд ва баъдан барои фурӯши колои худ ба Ҷумҳурии Чех ва Ветнам сафар кунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар қароре аз 18 июли соли 2013 фаъолияти ширкати “Ҳафт бурҷ”-ро манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Додситонии кулли Тоҷикистон он замон дар номае дар бораи сабаби баста шудани ин ширкат, ба хатари пирамидаи молӣ будани он ва эҳтимоли зиёни молӣ дидани шаҳрвандон, ишора карда буд. Додситонӣ гуфта буд, ки «7 бурҷ» бо ширкати “Sanfond Financial Inc”, ки дар ҷазираҳои Сейшел сабти ном шудааст, шартнома дорад ва мувофиқи меъёрҳои “Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба шустани пул”, ҷазираҳои Сейшел ба феҳристи оффшорҳо шомил мешавад.
Фаъолияти ширкат ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар вориди ширкат мешуданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб мекарданд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоранд. Ҳоло муштариёни ҷабрдидаи ин ширкат мегӯянд, ки аз ҳабс кардани масъулонаш ба онҳо фоидае намерасад ва онҳо аз мақомо талаб доранд, ба ҷои ин зиёни молии онҳо ҷуброн шавад.