Додгоҳи шаҳри Душанбе Маҳмадҷон Додарбекови 21-соларо, ки ба қавли тафтишот фақат дар чор моҳ 52 бор дуздӣ кардааст, ба даҳ соли зиндон маҳкум кард. Бо ин ҳукм бори севум аст, ки Маҳмадҷон пушти панҷараи зиндон меравад. Ӯ бори охир бо ҷурми дуздӣ ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум шуда, аммо пас аз чаҳор соли адои ҷазо, ҳамин сол афв гардид.
Нусратуллои Асадулло, додраси парванда рӯзи 24 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷабрдидаҳои ин амали Додарбеков аксаран ронандаҳо будаанд. Ба гуфтаи ӯ, вижагии шеваи дуздии ин ҷавони 21-сола дар он будааст, ки ӯ бо истифода аз асбобҳои худсохт вориди мошинҳои сокинон шуда, аз дохили он пулу мол, телефони ҳамроҳ, компютер ва таҷҳизоти мошинҳоро дуздида, ба даҳҳо нафар зарари молӣ расондааст.
Маҳмадҷон ҳанӯз аз 14-солагӣ ба кӯчаи дуздиву ғоратгарӣ пой гузошта ва дар замони ноболиғияш ба ҷурми ғоратгарӣ ду дафъа ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шуда будааст. Аммо ӯ дигар аз ин пайроҳа пой набардошта ва “фаъолияти касбӣ”- ашро ин бор аз дуздии мошинҳо ва маблағҳои калон идома додааст.
Додрас Нусратуллои Асадулло афзуд, Маҳмадҷон Додарбеков ин ҳама корҳоро бо ёрии гурӯҳе аз ҷавононе анҷом додааст, ки ӯро ҳамроҳӣ мекардаанд. "Додарбеков бар асоси моддаҳои 165, қисми 1; 339 қисми 1, 32, қисми 3, 244, қисми 2, 4, бандҳои “а,б”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда,ба мӯҳлати 10 сол ва адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шуд,"- афзуд, Нусратуллои Асадулло.
Додрасҳо анҷоми 52 ҳолати ҷинояти дуздиро барои як ҷавони 21-сола камсобиқа медонанд. Нигаронӣ аз афзоиши ҷинояткории ҷавонону ноболиғон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз соли 2011 “Қонуни масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд” амал мекунад ва ҷазо барои тарбияи носолими фарзанд барои волидайнро шадид кардааст.
Аммо Маҳмадҷон Додарбеков танҳо мактаби миёнаро хатм карда ва маълумоти олӣ надорад. Ӯ дар хонаводае бузург шудааст, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шуда ва ӯ дар тарбияи модар мондааст. Ҳамакнун мисле, ки модараш ҳам аз ин ҷинояткории писараш хаста шудааст. Зеро зимни мурофиаи додгоҳӣ ба назар намерасид, ки барои 10 сол равонаи зиндон шудани писараш зиёд ӯро нигарон карда бошад. Ҳатто ба гуфтаи ин зан алакай зиндон барои писараш бегона нест.
Вай дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш “бояд барои гуноҳҳои кардааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд”.
Модари Маҳмадҷон Додарбеков, ягона нафаре аз наздикони маҳкумшуда буд, ки ӯро дар додгоҳ ҳамроҳӣ мекард. Ин модар, ки аз сӯҳбат дар бораи писараш худдорӣ менамуд, ҳукми додгоҳро оромона қабул кард ва аз толори он берун шуд.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадҷон Додарбеков дар баробари адои ҷазо дар зиндон, бар асоси ҳукми додгоҳ, бояд ба беш аз 20 нафар ҷабрдидаҳо ҳудуди 40 ҳазор сомонӣ ва ё муодили бештар аз 6 ҳазор долларро пардохт кунад. Худи ӯ низ дар толори додгоҳ аз ҳукми нисбаташ таъин шуда нигаронӣ накард ва ба суоли додрас, ки оё аз ҳукм розиед бо ишораи “ҳа”сар ҷунбонд.
Ҳарчанд Қонуни афви соли 2014 ба озодии ҳазорон нафар, бо шумули “дуздҳои таҷрибадор” роҳ кушод, вале дида мешавад, ин тоифа бо содир кардани ҷиноят дубораву себора ба зиндон бармегарданд. Тибқи омори расмӣ танҳо дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи ҷавонон 3036 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 469 маврид бештар аст.